Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи ҳамла ба телевизиони "Шамшод" дар Кобул


Дар натиҷаи ҳамла ба як телевизиони хусусӣ дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон ду нафар кушта ва 20 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Обид Эҳсос, раиси телевизиони паштузабони Шамшод ба телевизиони Тулӯъ гуфтааст, ки афроди либоси пулис дар бар рӯзи 7-уми ноябр бо партоби норинҷак дар назди дарвозаи телевизион як посбонро кушта, як тани дигарро маҷрӯҳ карданд.

Аммо ба гуфтаи Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати умури дохилӣ, ду посбон ва ду ҳамлавар кушта шудаанд. Баъзе аз кормандони телевизион аз пораҳои шишаву тир захм бардоштаанд. Гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Ҷенс Столтенберг, дабири кулли НАТО зимни суханронӣ дар Брюссел ин ҳамларо маҳкум кард.. Толибон соли гузашта бо ҳамла ба телевизиони мустақили Тулӯъ дар Афғонистон 7 корманди ин телевизионро куштанд.

XS
SM
MD
LG