Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия сокинони маҳаллӣ барои ошкори дуздӣ латтукӯб шуданд


Дар шаҳри Нижнекамски Тотористони Русия кормандони пулис ду сокини маҳаллиеро, ки дузди ашёи гумшудаашонро худ пайдо карданд, шадидан латтукӯб намудаанд. Дар ин бора ҳамсари яке аз ҷабрдидаҳо ба расонаҳо хабар дод.

Илноз Пиркин, сокини 22-солаи Нижнекамск моҳи октябри соли равон ашёи мошинеро дуздидааст ва соҳиби мошин баъди дидани ашёи худ дар сомонаи хариду фурӯши "Авито" ба пулис муроҷиат кардааст. Ҷабрдида дар пайи таъхиркории муфаттишон бо як дӯсташ дуздро худ пайдо кардаанд ва хисорот низ ҷуброн шудааст.

Кормандони пулис аз ин қазия дертар огаҳ шуда, 25 октябр ҷабрдида ва дӯсташро латтукӯб кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсари яке аз ҷабрдидаҳо, эҳтимол дорад, кормандони пулис барои он хашмгин шудаанд, ки ошкоршавии ҷиноят ба номи онҳо сабт нагашт.

Худи Илноз Пиркин 19 октябр баъди шиканҷа дар шуъбаи пулис худкушӣ кардааст. Бино ба хабарҳо, кормандони пулис ин ҷавонро маҷбур кардаанд, ки ба ҷойи як ҷиноят 47 ҳолати дуздии мошинҳоро ба гардан гирад. Дар робита ба марги Пиркин се корманди пулис дастгир шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG