Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп ба Владимир Путин чӣ мегӯяд?


Доналд Трамп ва ҳамсараш дар пойгоҳи ҳавоии Йокота.
Доналд Трамп ва ҳамсараш дар пойгоҳи ҳавоии Йокота.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар оғози сафари 12-рӯзааш ба кишварҳои осиёӣ вориди Ҷопон шуд ва гуфт, қарор аст, дар ҷараёни ин сафар бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот кунад.

Доналд Трамп дар ин бора дар дохили ҳавопаймояш бо хабарнигорон сӯҳбат кардааст. Ҳавопаймои ӯ, ки аз Ҳаваӣ бархост, рӯзи 5-уми ноябр дар пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Токио фуруд омад. Раиси ҷумҳури Амрико дар инҷо бо сарбозони кишвараш мулоқот анҷом дод ва аз Перл Ҳарбор маҳалли ҳамлаи маргбори Ҷопон ба сарбозони Амрико дар р=зи 7-уми декабри соли 1941 дидан кард.

Дар ҷараёни парвози 8 соата аз Майамӣ, Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳангоми сафараш ба кишварҳои Осиё, аз ҷумла Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Ветнам ва Филиппин, қарор аст, дар фурсате бо Владимир Путин мулоқот анҷом диҳад.

Ӯ ба хабарнигорон гуфтааст: “Фикр мекунам, қарор аст бо Путин ҳам дидор дошта бошем. Мо аз Путин мехоҳем, ки дар масъалаи Куриёи Шимолӣ кӯмак кунад ва бо раҳбарони зиёде сӯҳбат мекунем.” Ба қавли Доналд Трамп, Куриёи Шимолӣ барои Амрико ва ҷаҳон “як мушкили бузург аст” ва ӯ мехоҳад, ки ин мушкилӣ ҳал шавад.

Мумкин аст, Доналд Трапм дар шаҳри Дананги Ветнам бо Владимир Путин мулоқот кунад, чун онҷо рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябр Форуми Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё ва Уқёнусия баргузор мешавад.

Доналд Трамп мулоқотҳояш бо раҳбарони кишварҳои Осиёро бо Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон шурӯъ кард ва ғолибан масъалаи Куриёи Шимолӣ мавзӯи асосии гуфтӯгуҳои ӯ мешавад.

Доналд Трамп ва Шинзо Абе дар гузашта ҳам чанд бор мулоқот кардаанд.
Доналд Трамп ва Шинзо Абе дар гузашта ҳам чанд бор мулоқот кардаанд.

Пеш аз мулоқот ду раҳбар дар майдони голфи Касумигасеки, яке аз клубҳои маъруфтарини голфи касбӣ дар ҷаҳон бо ҳам голф бозӣ карданд. Аз ин пеш дар моҳи феврали имсол дар Флорида ҳам бозӣ доштанд.

Ҳангоми ҳузур дар пойгоҳи ҳавоии Ёкота дар ғарби Токио, Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания бо чанде аз 50 ҳазор аз сарбозони амрикоии мустақар дар Ҷопон мулоқот карданд. Зимни суханронӣ дар ҳузури сарбозон Доналд Трамп гуфт, ки “Ҷопон як ҳамкори маҳбуб ва шарики фавқуллода муҳими Амрико” аст ва дар бораи қудрати низомии Амрико сӯҳбат кард.

Ӯ аз Куриёи Шимолӣ ном набурд, вале ҳушдор дод, ки касе набояд, “азми қудратмандтарин нерӯи ҷангӣ дар таърихи ҷаҳонро озмоиш кунад.”

Вай гуфт: “Ҷанговарони Амрико ҳамроҳ бо муттаҳидонаш омодаанд, миллати моро бо истифода аз қудрати комили беназир муҳофизат кунанд. Ҳеҷ кас, ҳеҷ як диктатор, режим ва ё миллате набояд, қудрати Амрикоро дасти кам бигирад.”

Ҷопон тарафдори сиёсати сахтгиронаи Доналд Трамп нисбат ба Куриёи Шимолӣ аст. Тетсуро Като, таҳлилгари сиёсӣ аз Донишгоҳи Ҳитотсубашӣ дар Ҷопон ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, “Трамп танҳо дар Ҷопон голф бозӣ мекунад, чун медонад, ки дар ҳама ҳолат, Ҷопон Амрикоро пайравӣ мекунад. Ҳама чиз аз пеш маслиҳат шудааст.”

Доналд Трамп ҳамчунин ба Куриёи Ҷанубӣ меравад ва бо Мун Ҷае-ин мулоқот мекунад, ки ӯ тарафдори ҳалли сулҳомези бӯҳрони атомии Куриёи Шимолӣ аст.

Доналд Трамп як дафъа сиёсати раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубиро сиёсати “каҷ дору марез” номид ва бисёриҳоро дар ҳукумати ин кишвар ба хашм овард. Баъди Куриёи Ҷанубӣ, Доналд Трамп ба Чин, Ветнам, ва Филиппин меравад.

XS
SM
MD
LG