Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сахти Ҷим Маттис ба раҳбарони Куриёи Шимолӣ


Ҷим Маттис бо Мун Ҷай Ин раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ.
Ҷим Маттис бо Мун Ҷай Ин раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ.

Ҷим Маттис, вазири дифои Амрико ба Куриёи Шимолӣ ҳушдор дод, ки дар сурати ҳаргуна истифодаи аслиҳаи атомӣ “посухи сахти низомӣ” мегирад.

Ӯ рӯзи 28-уми октябр дар шаҳри Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ гуфт, “Бидонед, ки ҳаргуна ҳамла ба Амрико, мутаҳҳидони мо шикаст мехӯрад.” Ҷим Маттис барои машварати низомии солона бо Куриёи Ҷанубӣ ба ин кишвар рафтааст.

Ӯ афзуд, “Ҳаргуна истифодаи аслиҳаи атомӣ аз тарафи Куриёи Шимолӣ посухи муассир ва муқовиматнопазир хоҳад гирифт.” Вазири дифои Амрико афзуд, роҳи бартари ҳалли масъала, роҳи дипломатист, “вале кори дипломатҳои мо босамартар аст, агар нерӯи қавии низомӣ дар пушташон бошад.”

Сафари Ҷим Маттис қабл аз нахустин сафари Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Куриёи Ҷанубӣ сурат гирифт. Қарор аст, Доналд Трамп моҳи оянда вориди Сеул шавад. Ӯ аз ин пештар бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Йонг Ун ҷанги лафзӣ ва раддубадалҳои оташин дошт.

XS
SM
MD
LG