Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз озмоиши Куриёи Шимолӣ


Куриёи Шимолӣ рӯзи якшанбе иддао кард, ки бомбаи ҳидрогенӣ (H-Bomb)-и насбшаванда бар мушакҳои дурпарвоз ё қорапайморо “бо муваффақияти комил” озмоиш кард. Расонаҳои давлатии Куриёи Шимолӣ 3-юми сентябр гуфтанд, ин шашумин озмоиши атомии Пхенян буд. Тасдиқи ин хабар аз манобеи мустақил муяссар нашудааст.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ин иқдоми Куриёи Шимолиро тозатарин амали таҳрикомези ин кишвар хонда ва хостори як вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари он шуд.

Ин изҳороти Куриёи Шимолӣ баъд аз чанд соати сабти заминларзае дар ин кишвар эълон гардид. Вазорати умури хориҷии Ҷопон гуфт, давлати он кишвар таъйид мекунад, ки заминларзаи сабтшудаи ахир дар Куриёи Шимолӣ бар асари анҷоми озмоиши ҳастаии Пхенян рух додааст. Баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, “ин заминларзаи маснуӣ буд”. Маркази зилзиланигории Чин эълон кард, ки умқи ин заминларза дар Куриёи Шимолӣ “сифр километр” аст.

Куриёи Шимолӣ бо вуҷуди қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2006 ба ин тараф чандин озмоиши атомӣ анҷом додааст, ки интиқоди Амрико ва аксар кишварҳои ҷаҳонро ба дунбол дошт. Дар моҳи январи соли гузашта Куриёи Шимолӣ эълон кард, ки як бомбаи ҳидрогениро муваффақона озмоиш кардааст, вале коршиносон он замон дар тавоноии ин кишвар дар иҷрои чунин озмоиш шак карданд.

Баъд аз озмоиши ахири Куриёи Шимолӣ, Шӯрои амнияти Куриёи Ҷанубӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳури он кишвар ҷаласа баргузор кард. Ҷунг Эй Йонг, раиси Шӯрои амнияти миллии Куриёи Ҷанубӣ рӯзи якшанбе гуфт, ин кишвар барои ҳар чи бештар дар инзиво қарор додани Куриёи Шимолӣ ҳама роҳҳо, бо шумули тағйироти ҷадиди Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Ӯ гуфт, “мо тасмим гирифтем, ки ҳама роҳҳои дипломатиро баррасӣ кунем, то Куриёи Шимолӣ аз барномаи инкишофи силоҳи атомӣ ба гунаи комил, қобили тасдиқ ва баргаштнопазир даст бикашад”.

Аз тарафи дигар Шинзо Абэ, нахуствазири Ҷопон гуфт, ин озмоиши Куриёи Шимолӣ комилан ғайри қобили қабул аст. Ҳукумати Ҷопон гуфт, Мак Мастер, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед бо мудири Шӯрои амнияти миллии Ҷопон дар ин маврид телефонӣ суҳбат кардааст. Мушовири амнияти миллии Амрико итминон додааст, ки Вашингтон ба ваъдааш барои дифои Ҷопон сахт пойбанд аст.

Шинзо Абе ва Доналд Трамп
Шинзо Абе ва Доналд Трамп

Вазорати умури хориҷии Чин аз Куриёи Шимолӣ хост, ки иқдомоти нодурусти худро мутаваққиф кунад ва ба тасмимҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эҳтиром қоил шавад. Русия гуфт, ин озмоиши атомӣ сазовори шадидтарин накӯҳиш аст ва аз ҳама ҷонибҳои зидахл хост, ки фаврӣ ба музокирот баргарданд. Вазорати умури хориҷии Русия хост, хунсардӣ ва оромиш ҳифз шавад ва аз ҳаргуна иқдомоте, ки боис ба афзоиши таниш мегардад, худдорӣ шавад.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ин иқдоми Куриёи Шимолиро тозатарин амали таҳрикомези ин кишвар хонда ва хостори як вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари он шуд. Созмони ҷаҳонии назорат бар энержии атомӣ ҳам ин озмоиши Куриёи Шимолиро мояи таассуфи шадид хонд ва “бепарвоии тамом” ба хостҳои батакрори ҷомеаи ҷаҳонӣ унвон кард.

Куриёи Шимолӣ қаблан гуфта буд, тавоноиҳои худро дар иртибот бо бобмаи ҳидрогенӣ афзоиш додааст ва онро қобили истифода дар мушакҳои қорапаймо кардааст. Хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ субҳи 3-юми сентябр иддао кард, ки Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ насби кӯлоҳаки ҳастаӣ бар мушакҳои қорапайморо шахсан аз наздик мушоҳида кардааст. Хабаргузори расмии Куриёи Шимол дар айни замон мегӯяд, ҷангафзоре, ки дар ихтиёри он кишвар аст, қудрати вайронгарии азимеро дорад.

Маҷмӯи озмоишҳои атомӣ бо қобилияти низомӣ дар Куриёи Шимолӣ дар ҳоли ҳозир ба шаш маврид расидааст. Аз ҷумла, ин кишвар дар солҳои 2006, 2009 ва 2013 озмоишҳои ҳастаиро анҷом дода буд. Аммо ин нахустин озмоиши атомии Пхенян аз замони оғози раёсати ҷуиҳури Доналд Трамп дар Амрикост.

XS
SM
MD
LG