Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белгия дастури боздошти Пучдемонро дастрас кардааст


Карлес Пучдемон
Карлес Пучдемон

Мақомоти Белгия дастури боздошти Карлес Пучдемон, раҳбари барканоршудаи ҳукумати Каталонияро дарёфт кардаанд. Ба қавли мақомоти додситонии Белгия, муфаттиш бояд Пучдемонро ба бозпурсӣ даъват кунад ва ё аз пулис бихоҳад, то ӯро ба бозпурсӣ ҳозир намояд.

Баъд аз бозпурсӣ мақомоти Белгия 24 соат фурсат хоҳанд дошт, ки дар бораи истирдоди раҳбари барканоршудаи Каталония тасмим бигиранд.

Ахиран Додгоҳи олии миллии Испания дастури боздошти Карлес Пучдемон ва чаҳор узви ҳукумати ӯро содир кард. Мадрид онҳоро ба шӯриш, суистифодаи буҷаи давлат ва нақши онҳо дар барномарезии реферундуми баҳсбарангези мустақилият муттаҳам кардааст.

Охири ҳафтаи равон нӯҳ узви кобинаи сарнагуншудаи Каталония барои бозпурсӣ ба додгоҳ ҳозир шуданд. Ҳашт нафари онҳо бидуни ҳаққи пардохти гаравпулӣ ба зиндон интиқол ёфтанд. Як нафари дигар ба пардохти 50 ҳазор евро муваззаф шуд.

Аммо Кардос Пучдемон рӯзи 3-юми ноябр гуфт, ки худу ҳамроҳонашро “ҳукумати қонунии Каталония” мешуморад. Пучдемон ва чаҳор узви ҳукуматаш рӯзи 30-юми октябр ба Блегия рафтанд. Додгоҳи Испания Пучдемонро дар доираи парвандаи ошӯбгарӣ ба ҳайси шоҳид даъват кардааст. Аммо ин сиёстмадор дар Белгия монд ва гуфт, ки тариқи тамоси видеоӣ шаҳодат хоҳад дод. Дар Мадрид ба ин шарти ӯ розӣ нашуданд.

Каталония рӯзи 1-уми октябр барои мустақилият аз Испания назарсанҷӣ баргузор кард ва порлумони минтақавӣ истиқлолияти Каталонияро эълон намуд. Мадрид реферундумро ғайриқонунӣ хонд ва порлумону ҳукумати ин минтақаро пароканда кард.

XS
SM
MD
LG