Пайвандҳои дастрасӣ

Пулҳои "Ҳафт бурҷ"-ро кӣ аз ҷазираҳои Сейшел бармегардонад? ВИДЕО


Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Саидҳомид Маҳмудов, роҳбари ширкати "Ҳафт бурҷ" ва яке аз пайвандони Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори собиқи Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рафтани Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми шаҳрдорӣ ва кам шудани нуфузаш дар сиёсат ҳудуди 270 ҷабрдидаи ширкати "Ҳафт бурҷ"-ро умедвор кардааст, ки шояд боз шудани парванда роҳе барои бозпас гирифтани маблағҳояшон бошад.

Додгоҳ нисбат ба шаш нафар ҳукм баровард. Аммо Саидҳомид Маҳмудов, ки директори генералии ширкат буд, маҳкум нашуд. Ҳол онки маҳз бо имзои ӯ пулҳои ширкат ба Ҷазираҳои Сейшел фиристода шудаанд

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Додситонии кулл рӯзи 3-юми ноябр бо тасдиқи ин хабар гуфт, "дар парванда Маҳмудов тибқи моддаи 247 қисми 4, банди "Б"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон айбдор мешавад." Парвандаи Саидҳомид Маҳмудов бар асоси шикояти беш аз 270 мизоҷи ширкати "Ҳафт бурҷ" боз шудааст. Онҳо талаб доранд, ки ширкат пулҳои сармоягузорӣ кардаашонро бозпас диҳад.

6 нафар пушти зиндон, 3 нафар дар фирор

Пас аз шикояти ҷабрдидагони ширкат додгоҳи Синои пойтахт шаш масъули ширкати "Ҳафт бурҷ"-ро аз 8 то ба 11 соли маҳкум кард. Аммо аз ин 6 нафар ҳукми се нафар дар ғайбашон содир шуд, чун онҳо ба хориҷ фирор кардаанд.

Фаъолияти ширкати "Ҳафт бурҷ" бо шеваи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди имзои шартнома ва пардохти маблағи муайян вориди ширкат мешуданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро ба ширкат ҷалб мекарданд ва аз маблағи воридшуда, зоҳиран даромади муайяне ба даст меоварданд. Ба ин хотир, ҳар муштарии ин ширкат манфиатдор буд, ки дигаронро низ ба ин ҳалқа ҷалб кунад.

Аз даъвои ҷабрдидагони ширкати "Ҳафт бурҷ" ду сол сипарӣ мешавад, аммо сармоягузорони ин "пирамидаи молӣ" аз сармояи худ даст накашидаанд ва бархе аз онҳо «таҳқиқот»-и худро ба роҳ мондаанд.

Фирори миллион доллар ба минтақаи оффшор

Музаффар Назаров, яке аз саҳҳомони «Ҳафт бурҷ» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ чор сол қабл як хонаи якҳуҷраиашро дар пойтахт ба фурӯш гузошт ва 20 ҳазор долларро ба ин ширкат сармоягузорӣ кард. Назаров мегӯяд, ӯ дигар натавонист, пулҳояшро бозпас бигирад ва то ҳол саргардон аст.

«Додгоҳ нисбат ба шаш нафар ҳукм баровард. Аммо Саидҳомид Маҳмудов, ки директори генералии ширкат буд, маҳкум нашуд. Ҳол он ки маҳз бо имзои ӯ пулҳои ширкат ба минтақаҳои офшори Ҷазираҳои Сейшел фиристода шудаанд».

Дар коғазҳои муҳосибии ширкат ҳангоми интиқоли пул ба хориҷа ба Ҷазираҳои Сейшел ба Дания имзои Маҳмудов ҳаст.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳарчанд Саидҳомид Маҳмудов дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат дошт, аммо то ба ҳол аз ҷавобгарӣ эмин мондааст. Бинобар ҳисоби тафтишот ширкати «Ҳафт бурҷ» 1 миллиону 90 ҳазор доллар маблағи 270 нафарро гирифтааст. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои муҳосибии ширкат бисёре аз ин маблағҳо ба Ҷазираҳои Сейшел дар уқёнуси Ҳинд интиқол ёфтанд.

Дар Ҷазираҳои Сейшел аз соли 1995 як минтақаи офшорӣ амал мекунад, ки моликони ширкатҳо ва соҳибони ҳисобҳои бонкӣ дар он аз пардохти андоз озод ҳастанд. Бонкҳои ин кишвар ҳангоми интиқоли пул сарчашмаи маблағро намепурсанд ва аз ин рӯ сармоядороне, ки бо роҳи ғайриқонунӣ маблағ ба даст овардаанд, пулҳои худро ба Ҷазираҳои Сейшел мефиристанд.

То пуламонро пас нагирем, аз даъво даст намекашем

Иброҳим Исрофилов, ҷабрдидаи дигари "Ҳафт бурҷ" мегӯяд, чаҳор сол боз наметавонад, беш аз 6 ҳазор доллари худро аз ин ширкат бозпас бигирад. Исрофилов гуфт, як пояш фаврӣ ба ҷарроҳӣ ниёз дорад, аммо аз сабаби бепулӣ наметавонад, пояшро ҷарроҳӣ кунад. "Дар коғазҳои муҳосибии ширкат ҳангоми интиқоли пул ба хориҷа, аз ҷумла ба Ҷазираҳои Сейшел ба Дания имзои Маҳмудов ҳаст. Аммо дар мурофиа вақте аз ӯ пурсидем, гуфт, гӯё танҳо роҳбари раёсати кадрҳо буд ва масъалаи молиро дигарон ҳал мекарданд. Аммо директори генералӣ ӯ буд ва бе имзои ӯ ягон пул ба ягон ҷой намерафт. Ҳоло ӯ "дилам касал" гуфта, ба ҷараёни тафтишот ҳозир намешавад", - афзуд Иброҳим Исрофилов.

Саҳомони «Ҳафт бурҷ» мегӯянд, онҳо ҷонибдори зиндонӣ шудани масъулон нестанд, танҳо мехоҳанд, пасандозҳои бо сад заҳмат солҳои ҷамъовардаашонро бозпас диҳанд. Вале мегӯянд онҳо, то замоне ки пулҳояшонро бозпас нагиранд, аз даъво даст намекашанд.

Зимнан, додгоҳ низ ҳангоми мурофиа ба айбдоршавандаҳо гуфтааст, дар сурати боз гардонидани маблағҳо ба соҳибонашон муҷримон аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. Аммо ҳеҷ нафари онҳо ба ин шарт розӣ нашуд, мегӯяд, Назаров, чунки ки ба қавли ӯ муттаҳамон ба тақаллуб умед доранд, ки «бо гузашти вақт мо аз даъвоямон мегузарем ва онҳо пулҳои моро соҳибӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG