Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"7 бурҷ" ҳам барои тиҷораташ фатвои "ҳалол" доштааст


Шӯрои уламои Тоҷикистон фатвои «ҳалол» будани фаъолияти ширкати «Ҳафт бурҷ»-ро лағв кардааст.

Ҷамолиддин Хомӯшов, раиси бахши фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, фатвоҳои барои ин ва баъзе аз ширкатҳои дигар додашуда ба он хотир бекор карда шудаанд, ки фаъолияташон як навъи қимор буд, амале, ки онро дини ислом макрӯҳ мехонад.

Хабари фатвои «ҳалол» додан ба кори «Ҳафт бурҷ» баъди он миёни мардум овоза шуд, ки додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми январ фаъолияти ин ширкатро манъ кард. Қарори додгоҳ дар пояи шикояти додситонии кулли Тоҷикистон содир шуд, ки дар як санҷиш бо доллари амрикоӣ доду ситад кардани “Ҳафт бурҷ”-ро ошкор ва фаъолияташро мутаваққиф намуд. Вале сабаби аслӣ, ки додситонии кулли Тоҷикистон дар номаи худ ба додгоҳ ишора кардааст, ин “пирамидаи молӣ” будани ширкат ва эҳтимоли зиёни молиявӣ дидани шаҳрвандон аст.

Фаъолияти “Ҳафт бурҷ” тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди имзои шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар вориди ширкат мешаванд. Онҳо дар навбати худ шаҳрвандони дигарро низ ба ширкат ҷалб мекунанд ва аз маблағи воридшуда чанд фоиз фойида мегиранд.

ФАТВО БА ХОТИРИ ПУЛУ КӮЛОҲБАРДОРӢ?

Масъулини Шӯрои уламо аз ташреҳи бештар дар мавриди фатвои кори «ҳалол»-и ширкати «Ҳафт бурҷ» худдорӣ карда, фақат гуфтанд, ки ин гуна фатвоҳо хело кам содир мешаванд. Ба гуфтаи Ҷамолиддин Хомӯшов, мардум ба ин ниҳод бештар дар робита ба масоили хонаводагӣ, аз ҷумла, талоқ, ширхорагӣ, бадмастии мардҳо муроҷиат мекунад. Бахши аъзами даъвогарони талоқ занҳоеанд, ки шавҳарҳояшон солҳои зиёд дар муҳоҷирати корӣ дар Русияанд ва аз худ дарак намедиҳанд.

Аммо талоши гирифтани фатво аз сӯи раҳбарони ширкатҳо ба чӣ хотир аст? Чаро дар ҷомеъаи дунявӣ бархе аз ширкатҳо фатворо аз қавонини кишвар камтар намедонанд? Давлат Усмон, иқтисоддон ва яке аз раҳбарони пешини ҷунбиши мазҳабии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯ ба фатво овардани раҳбарони ширкатҳо ду ҷанба дорад, яке, агар соҳиби тиҷорат одами диндор бошад ва хоҳад, ки молашро поку ҳалол муаррифӣ кунад ва дигарӣ – агар дар ҷомеъа дин тақвият ёбад ва мардум бо чизе рӯ оваранд, ки аз нуқтаи назари шаръӣ дуруст бошад. Аз нигоҳи мусоҳиби мо, албатта, афроде ҳам ҳастанд, ки тиҷораташон худ кулоҳбардорӣ аст ва вақте ки ин кӯлоҳбардории худро тавассути фатво рӯпӯш карданӣ мешаванд, гуноҳашон азимтар мешавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳам мегӯяд, бархе аз тоҷирону раҳбарони ширкатҳо фатворо чун далеле барои муштариёни худ истифода мекунанд, ки гӯё фаъолияташон на фақат бар пояи қавонини мавҷудаи кишвар, балки бар пояи фармудаҳои ислом низ ҳаст.

Ӯ меафзояд, «бисёре аз мардуми тақводор на фақат дар муносибати худ бо чунин ширкатҳо, балки зимни муомилот бо бонкҳои давлатӣ ҳам мехоҳанд, ки назари рӯҳониёни маъруф ва фатвои ниҳодҳои диниро бигиранд, яъне, гузоштани пули худ дар бонкҳои риббавӣ, бонкҳое, ки аз ҳисоби рибо судхӯрӣ мекунанд, ҷоиз аст ё на, қарз додан ба ин гуна бонкҳо ё аз онҳо қарз гирифтан то куҷо дуруст аст?».

Ба гуфтаи ин сиёсатмадори тоҷик, «ширкатҳое чун «Ҳафт бурҷ» барои мутмаин сохтани муштариёни худ, ки гузоштани маблағ ба ҳисоби онҳо ҳеҷ мухолифате ба шариати исломӣ надорад, ин гуна фатвоҳоро бо ҳар роҳу васила – гоҳо дуруст ва гоҳо начандон дуруст, аз муфтиёт ё аз дигар шахсиятҳои динӣ мегиранд ва ин фақат ба хотири пул кор кардан аст, на ба хотири тибқи шариат ба роҳ мондани фаъолияти худ».

ДОМУЛЛО, ФАТВО НАДИҲЕД!

Дар ҳамин ҳол дар ҷомеъаи Тоҷикистон то ҳол баҳсе сари забонҳост, ки киҳо ҳаққи фатво доданро доранд? Мавлавӣ Муҳаммадии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ мегӯяд, ки фатво - иҷозаи шаръист ва ҳар донишманди илми фиқҳ метавонад муфтӣ ё фатводиҳанда бошад. «Вақте Ҳазрати Имом Абу Ҳанифаро пурсиданд, ки фақеҳ, донишманди илми фиқҳ кист, посух дод, «касе, ки чиҳил ҳадиси Паёмбар Муҳаммад саллалЛоҳи алайҳи вассаламро донад ва аз каломи поки Илоҳӣ огаҳ бошад, ӯро метавон донишманди илми фиқҳ номид.»

Ва ин донишманд ҳақ дорад, ки чизеро фатво диҳад ва ҷавобгӯи масоили аҳкоми фарзияи амалия бошад, яъне ҳалолу ҳаромро ҷудо карда тавонад, кори дурусту савобро аз кори нодурусту гуноҳ фарқ кунад». Мавлавӣ Файзмуҳаммад меафзояд, ҳоло даҳҳо донишмандони илми фиқҳ метавонад, ки озодона ҳам Қуръони шариф ва ҳам садҳо ҳадисҳои Паёмбарро тафсир кунанд ва онҳо ҳаққи фатво доданро доранд. Аммо Мавлон Мухторов, муовини пешини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, ки ба ҷуз як ниҳод – раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломӣ - дигар ниҳоде ё рӯҳоние ҳаққи додани фатворо надорад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо.
Тақрибан як сол пеш Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳам дар як изҳорот аз рӯҳониён хост, ки аз судури ҳукму фатво аз тариқи матбуот худдорӣ кунанд, зеро "ҳалли масъалаҳои шаръӣ масъулияти ин марказ аст." Масъулони Шӯро мутмаинанд, дар ҳоле, ки Маркази исломӣ дар саросари кишвар фаъол аст, "ҳеҷ ниёзе намемонад, ки ашхоси алоҳида ба нафъи гурӯҳу тоифае дар масоили дину мазҳаб қарору фатво содир бикунанд." Ба гуфтаи онҳо, шарҳу тафсири мухталифи масоили исломӣ аз сӯи рӯҳониён, аз ҷумла, аз минбарҳои масоҷид, боиси нашри ин изҳорот шудааст. Миёни эътиқодмандон бисёр шунида мешавад, ки муллое ин мавзӯъро ба як гуна шарҳ медиҳад ва муллои дигар ба гунаи дигар. Аз ин рӯ дар масоҷиду берун аз онҳо баҳсҳое миёни ҷавонони тоҷик сар мезанад, ки фармудаҳои кадом домулло дуруст аст ва аз кадомӣ нодуруст.

Аммо Давлат Усмон мегӯяд, фақат Шӯрои уламоро масъули фатво эълон кардан иштибоҳ аст ва дар Тоҷикистон домуллоҳои мӯътабаре, ки метавонанд бар пояи шариат фатво диҳанд, хело зиёданд. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, агар фатво аз сӯи рӯҳоние берун аз чаҳорчӯбаи мазҳаби Имоми Аъзам содир шавад, он замон дахолати Шӯрои уламо ҷоиз мебуд.

Аммо оё рӯҳониён ба хотири пулу мол ваё пуштибонӣ аз манфиати гурӯҳе низ фатво содир мекунанд? Бештари коршиносони масоили мазҳабӣ инро байид намедонанд, аммо мегӯянд, ки умри ин гуна фатвоҳо, таври маъмул, кӯтоҳ аст. Мавлавӣ Муҳаммадии Файзмуҳаммад низ содир шудани ин гуна фатвоҳои бебунёд, аз ҷумла, дар мавриди талоқро тайид мекунад ва меафзояд, донишманд ё рӯҳонии дигар бо далелҳои мӯътамад метавонад фатвои рӯҳонии дигарро лағв кунад.

Сайид Аҳмадов, пажӯҳишгари масоили мазҳабӣ, низ мегӯяд, ки баъзе аз фатвоҳо бар асари дониши кофӣ надоштани домуллоҳо содир мешаванд. Баъзе домуллоҳо аз ҳарфе ё амале ранҷида низ фатвое медиҳанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ин, ба гуфтаи Сайид Аҳмадов, бояд Шӯрои уламо маҷмӯъи фатвоҳоро таҳия кунад ва дар ихтиёри имом-хатибҳо гузорад.

ФАТВОЕ, КИ БАЪЗЕ МАРДҲО «НАШУНИДАНД»

Равшан Эратов.
Равшан Эратов.
Домани фатво хело густурда аст ва онҳо дар масоили гуногун содир мешаванд. Дар Малайзия як муфтӣ дар фатвояш ширкати духтарон дар озмуни зебоиро манъ кард ва онро тавҳин ба ислом номид. Як сол қабл муфтиёти Қирғизистон фатво дод, ки мусулмонҳо Соли нави мелодиро ҷашн нагиранд.” Намояндаи расмии муфтиёт Ҳоҷӣ Равшан Эратов гуфт, “Ислом ин идро қабул надорад, аз ин рӯ мусулмонон метавонанд онро ид накунанд. Аммо дигаронро маҷбур сохтан барои таҷлил накардани ид ҳам дуруст ва қобили қабул нест.”

Баъзе аз уламои суннӣ ва ваҳҳобии Арабистони Саудӣ фатво додаанд, ки мусулмонон ба мубаллиғони “Ҷамоаи Таблиғ” гӯш надиҳанд ва аз вуруди адабиёти онҳо ба кишварашон ҷилавгирӣ кунанд. “Ҷамоаи Таблиғ”, як равиш дар мазҳаби ҳанафист ва ба ҳаракати эҳёгаронаи Девбандӣ рабт дорад. Он дар соли 1926 дар шимоли Ҳиндустон таъсис ёфт ва ҳадафаш ҳифзу таҳкими ҳувияти динӣ ва фарҳангии мусулмонон дар қораи Ҳинд аст. Ин ҷомеъа ҳоло дар 200 кишвар фаъол буда, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 100 миллион тарафдору пайрав дорад.

Ду сол пеш Шӯрои уламои Тоҷикистон барои манъи талоқ аз тариқи СМС ё паёмак фатво дод. Зарурати чунин фатво баъди он ба миён омад, ки як теъдод муҳоҷирони корӣ аз Русия ҳамсарҳои худ тавассути паёмакҳо ё зангҳои телефонӣ талоқ доданд.

Аммо тавре Ҷамолиддин Хомӯшов, раиси бахши фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, баъзе аз мардҳо ин фатворо “нашуниданд” - фақат соли гузашта беш аз 1000 нафар занону модарони ҷавон барои аз ҳам пошидани хонаводаҳояшон ба Шӯро муроҷиат кардаанд, ки миёни онҳо занҳои аз тариқи телефон ва СМС талоқгирифта низ хело зиёданд. «Даҳҳо нафар аз ин занон ба Шӯрои уламо арз карданд, ки шавҳарашон дар ҳолати сархушӣ ва бо сабабҳои дигар аз тариқи телефон ва ё смс онҳоро талоқ додааст. Аммо ин гуна талоқ қабул нахоҳад шуд ва хонавода метавонад ба зиндагии худ идома диҳад», мегӯяд Ҷамолиддин Хомушов.

Зимнан, ахиран Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, фатвое содир кард, ки бар пояи он мукотибаи зану марди номаҳрам дар Интернет мамнӯъ эълон шудааст. Шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” ба он нуктаи фатво ишора кардааст, ки паёмади ин мукотиба аксар вақт бадахлоқист.
XS
SM
MD
LG