Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8,5-солӣ ҳукми зиндони Олим ва Ориф аз "Ҳафтбурҷ" (ВИДЕО)


Додгоҳи ноҳияи Сино ду намояндаи ширкати "Ҳафтбурҷ"-ро бо ҷурми қаллобӣ 8,5-солӣ маҳкум ба зиндон кард. Онҳо худро гунаҳкор эътироф намекунанд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 16 октябр ду намояндаи ширкати "Ҳафтбурҷ"-ро 8,5-солӣ маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро дар қаллобӣ муҷрим шинохт. Ҳукми ҳарду аз моҳи апрели соли 2014, яъне аз замони боздошти онҳо ҳисоб хоҳад шуд.

Сулаймон Қосимов, додраси парванда гуфтааст, ки Маъруфов ва Расулов баъди адои ҳукм боз 4 соли дигар ҳаққи фаъолияти соҳибкориро нахоҳанд дошт. Ҷамъи зарари расида ба муштариёни "Ҳафтбурҷ" баробари 618 000 доллар гуфта мешавад. Ин намояндагони ширкати "Ҳафтбурҷ", ки навъе аз пирамидаи молӣ номида мешавад, бар асоси шикояти 158 муштарӣ ба масъулият кашонда шудаанд. Ҷамъи муштариёни "Ҳафтбурҷ" беш аз 5 000 нафар будааст.

Олим Маъруфов: Агар гунаҳкор мебудам, аз Дубай намеомадам (аз 15 октябр)

Ду масъули ширкати "Ҳафт бурҷ", ки ба тақаллубкорӣ муттаҳам мешаванд, рӯзи 16 октябр дар сухани охирини худ дар додгоҳ тамоми иттиҳомот бар муқобили худро беасос донистанд. Намояндаи додситонӣ барои ҳар кадоми онҳо 11-солӣ хостааст.

Олим Маъруфов ва Ориф Расулов -- ду масъули ширкати “Ҳафт бурҷ”, ки ба иттиҳоми тақаллубкорӣ боздошт шуда, дар курсии айбдорӣ нишастаанд, рӯзи 15 октябр дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сухани охирини худро ироа карданд. Онҳо хитоб ба додраси парванда ва муфаттишону муштариёни “Ҳафт бурҷ” гуфтанд, тамоми иттиҳомот бар муқобили онҳо поя надорад ва ҳаргиз талош накардаанд, аз роҳи фиреб пул ба даст оварда, зиндагияшонро пеш бубаранд.

Олим Маъруфов, яке аз муттаҳамон дар толори додгоҳ, гуфт, “агар гунаҳкор мебудам, аз Дубай намеомадам. Танҳо мехостем, бо маблағи ҷамъшуда дар ширкат маҳсулот харида, онро фурӯшем, то ба худ ва муштариён манфиат орем. Аз ин бештар нияте надоштем. Вале вақте фаъолияти ширкатро боздоштанд, дигар натавонистем кори ширкатро пеш бурда, фоидаи пули муштариёнро бидиҳем.”

Муштариёни норозии "Ҳафт бурҷ" дар додгоҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Ориф Расулов, яке дигар аз муттаҳамон дар қазияи ширкати “Ҳафт бурҷ”, ҳангоми баёни сухани охиринаш дар додгоҳ айбномаи эълоншуда нисбати худро “ғаразнок” хонд ва гуфт, “ҳеч вақт нияти қаллобӣ надоштам ва ҳамаи маблағҳои муштариён бо далелу рақам дар ҳуҷҷатҳо ҷой доранд, ки дар куҷо сарф шудаанд”. Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи ду масъули ширкати “Ҳафт бурҷ”, ки шаш моҳ боз дар боздошт қарор доранд, аз додрас хост онҳоро аз толори додгоҳ озод кунад, то ба фаъолияташон идома бахшида, пули мардумро баргардонанд. Вагарна, ба қавли ӯ, зерҳимояҳояш аз пушти панҷара имкони бозпас додани пули муштариёнро, ки ҳисобаш бештар 618 ҳазор доллар гуфта мешавад, надоранд.

Қаблан Маъруфову Расулов аз Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт хоста буданд, барои баргардондани маблағи мардум ба онҳо иҷозат дода шавад, то ба ҷазираҳои “Сейшел” раванд ва баъдан барои фурӯши колои худ ба Ҷумҳурии Чех ва Ветнам сафар кунанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 14 октябр намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ дар қазияи масъулони ширкати “Ҳафт бурҷ” аз додрас хоста буд, то ин ду нафарро ба 11-солӣ аз озодӣ маҳрум намояд. Рӯзи 15 октябр додраси парванда баъд аз шунидани ҳарфи охири муттаҳамон ва вакили мудофеи онҳо ба хонаи машваратӣ рафт ва, қарор аст, ҳукми худро баъд аз зӯҳри панҷшанбе эълон намояд.

Хабарнигори “Озодӣ”, ки ҷараёни мурофиаро назорат мекард, гуфт, ҳудуди бист тан аз муштариёни “Ҳафт бурҷ” низ ба додгоҳ омада, мунтазири мушаххас шудани сарнавишти масъулони ширкат буданд. Як қисми онҳо бисёр мехоҳанд, ки додрас Олим Маъруфову Ориф Расуловро аз боздошт раҳо кунад, то тавонанд пули додаашонро бозпас бигиранд. Вале як гуруҳи дигар бо вуҷуди он ки талаб доранд, маблағи онҳо бозпас дода шавад, ҳамзамон аз мақомоти интизомӣ ва додгоҳ мехоҳанд, то ба гуфтаи онҳо гунаҳкорони аслии ин моҷароро ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар ин ҳолат аксари онҳо аз Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари КЮНЕТ, ки ҳамзамон масъулияти “Ҳафт бурҷ”-ро бар уҳда доштааст, ном мебаранд.

Яке аз муштариёни “Ҳафт бурҷ”, ки дар саҳни ҳавлии Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд, дар суҳбат бо хабарнигори мо аз норӯшании қазияи ин ширкат ва мсъулонаш ба шиддат нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, барои дарёфти фоидаи бештар ба ин ширкат панҷуним ҳазор доллар дода буд, аммо бештар аз як сол боз наметавонад на фоида бигирад ва на пули худро. “Маро ба доми фиребгарҳо оварданд. Гуфта буданд, ки ин ширкати камбағалҳост. Ман Русия рафта меомадам, ба ман гуфтанд, биё, пулҳоятро мон ва бо баҳрааш корҳоятро кардан гир. Ширкат шаш моҳ кор карду баъд аз он баста гардид. Як сол боз овораам. Дастам дардманд аст, дар Русия кор карда наметавонам. Чанд бор аст, ба дари додгоҳ меоям, вале натиҷае нест. Кай бояд пули моро баргардонанд?”,-таъкид дошт ӯ.

Муштариёни норозии Ҳафт бурҷ мегӯянд, масъулони ширкат бояд пули онҳоро бозпас диҳанд
Муштариёни норозии Ҳафт бурҷ мегӯянд, масъулони ширкат бояд пули онҳоро бозпас диҳанд

Додситонии кулли Тоҷикистон дар қароре аз 18 июли соли 2013 фаъолияти ширкати “7 бурҷ”-ро манъ кард ва ҳисобҳои онро баст. Додситонии кулли Тоҷикистон он замон дар номае дар бораи сабаби баста шудани ин ширкат, ба хатари пирамидаи молӣ будани он ва эҳтимоли зиёни молӣ дидани шаҳрвандон, ишора карда буд. Додситонӣ гуфта буд, ки «7 бурҷ» бо ширкати «Sanfond Financial Inc», ки дар ҷазираҳои Сейшел сабти ном шудааст, шартнома дорад ва мувофиқи меъёрҳои «Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба шустани пул», ҷазираҳои Сейшел ба феҳристи оффшорҳо шомил мешавад.

Фаъолияти ширкат ба тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар вориди ширкат мешуданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб мекарданд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоранд.

Ширкати «7 бурҷ» аз 25 январи соли 2011 расман ба фаъолият шурӯъ карда ва гуфта мешавад наздик ба 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муштарии он мебошанд.

XS
SM
MD
LG