Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл гуфт, дар манъи тазоҳуротҳои Навалний даст надорад


Владимир Путин бо Дмирий Песков
Владимир Путин бо Дмирий Песков

Кремл мегӯяд, ки маъмурияти президенти Русия ба иҷозат ва манъи тазоҳуротҳо рабте надорад. "Он дар салоҳияти мо нест", - гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо телевизиони "Дожд".

Шарҳи Песков ба думболи исзҳороти раҳбари мухолифин Алексей Навалний пахш шуд, ки гуфтааст, президенти Русия Владимир Путинро ба додгоҳ мекашад. Навалний мегӯяд, мақомоти даҳҳо шаҳри Русия бо дастури Кремл ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки бо ҷонибдоронаш мулоқот кунад.

Алексей Навалний аз довталабони иштирок дар интихоботи Русия аст, ки соли 2018 баргузор мешавад. Ӯ ҳоло сафарҳои таблиғотиеро ба манотиқи гуногуни Русия анҷом медиҳад. Вале мақомоти бештари шаҳрҳои Русия ба мулоқотҳои ӯ бо интихобкунандагон иҷозат намедиҳанд.

Тарафдорони Навалний таҳти фишори мақомот қарор доранд. Онҳо дар баъзе мавридҳо таҳдид мешунаванд ва ҳатто мавриди ҳамла қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG