Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ Эронро ба муқовимат дар баробари Амрико даъват кард


Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ
Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ

Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ гуфт, ки Ийолоти Муттаҳида душмани асосии Эрон аст ва Теҳрон дар масъалаи созиши ҳастаии соли 2015 ҳеҷ гоҳ ба ИМА гузашт нахоҳад кард.

"Мо ҳеҷ гоҳ дастдарозии Амрикоро дар робита ба созиши ҳастаӣ қабул намекунем",- гуфт Хоманеӣ ва афзӯд, ки " муқовимат дар баробари Амрико ягон илоҷи кор аст".

Созиши ҳастаии Эрон ва қудратҳои ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, соли 2015 дар даврони ҳукумати Барак Обама ба даст омад. Ин созиш таҳримҳои Эронро дар ивази маҳдуд шудани барномаҳои ҳастаиаш сабук кард. Доналд Трамп дар замони маъракаи интихоботи президентии соли гузашта ва баъди расидан ба Кохи Сафед аз ин тавофуқнома интиқод карда, онро созиши бадтарин ва якҷониба хондааст.

Трамп моҳи октябр аз тасдиқи ин ки Эрон тааҳудашро дар баробари қарордод иҷро мекунад, даст кашид ва Теҳронро ба тахриби рӯҳия созиш муттаҳам кард.

XS
SM
MD
LG