Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Кобул дастикам се кушта ва понздаҳ захмӣ ба бор овард


Акс аз бойгонӣ

Шоҳидон ва мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки таркиш дар Кобул хисороти ҷониву ҷисмонӣ ба бор овард.

Вазорати беҳдошти Афғонистон теъдоди куштатшудаҳои таркиши рӯзи 31 октябрро се нафар ва захмиҳоро 15 нафар ҳисоб кард.

Ба гуфтаи Исмоил Хаввосӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дар ин ҳодиса як зан ҳам кушта шуд.

Пулиси Афғонистон инфиҷор дар минтақаи бисёр мустаҳкамро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёти бештар надод.

Ноиби раиси пулиси Кобул ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиш дар минтақаи Вазир Акбар Хон, наздик ба макони сафоратхонаҳои хориҷӣ ба вуқӯъ паваст. Аммо ӯ нагуфт, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ буд ё таркиши бомбаи канори роҳ.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG