Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи як тоҷири тоҷик барои қочоқи бор аз Чин


Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи як соҳибкори 40-солаи тоҷик Толиб Саидов, ки бо 18 адад автомашинаи тамғаи «Долун», молу масолеҳи сохтмониро ғайриқонунӣ аз Чин ворид кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Молҳои воридкардаи ин соҳибкорро кормандони Хадамоти гумрук ошкор кардаанд. Аз хадамоти гумрук дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳангоми ҷустуҷӯ дар амборхонаи Толиб Саидов дар шаҳри Душанбе, 18 адад автомашинаи тамғаи «Долун» -ро бо молу масолеҳи сохтмонӣ, ширешҳои гуногун, таҷҳизоти техникӣ, либосҳои гуногун ва телевизор ошкор карда шудааст. Манбаъ мегӯяд, молҳои мазкур ба Толиб Саидов роҳбари ҶДММ «Файзимоҳ» тааллуқ дошта, моҳи сентябри соли 2017 аз Чин тариқи қочоқ баТоҷикистон ворид намудааст. Арзиши молҳои тариқи қочоқ ворид намудаи Саидов бештар аз 13 миллион сомониро ташкил додааст. Ҳоло Додситонии кулл тибқи моддаи моддаи 289 қисми 2-и кодекси ҷиноятӣ нисбати Толиб Саидов парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG