Пайвандҳои дастрасӣ

Илмӣ Умаров ва Аҳтам Чийғоз афв шуданд


Фаъолони Украина бо аксҳои маҳбусони Қрим

Ноибони раиси Маҷлиси тоторҳои Қирим - Илмӣ Умаров ва Аҳтам Чийғоз афв шуданд. Дар ин бора хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ рӯзи 25 октябр бо такя ба вакили дифоъ Николай Полозов гузориш дод.

Фармонҳои президент дар бораи афви ин ду сиёсатмадори тотор муҳри махфӣ доранд ва нашр нашуданд. Субҳи имрӯз Умаров ва Чийғозро аз қаламрави Қрим ба Туркия бурданд. Онҳо феълан дар Анкара қарор доранд. Ба гуфтаи намояндагони раванди музокироти озодии тоторҳои Қрим, "ин як ҳалли сиёсӣ ва натиҷаи музокирот бо ширкати Украина ва Туркия буд".

Илмӣ Умаров бо иттиҳоми даъват ба халадор кардани тамомияти арзии Русия ба муддати ду сол ҳабс шуд. Аҳтам Чийғоза бо иттиҳоми ташкили бетартибии оммавӣ, соли 2014 дар назди порлумони Қрим, ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар борҳо озодии тоторҳои Қримро талаб карданд. Иттиҳоди Аврпуо ва ИМА мурофиа ва қарорҳои додгоҳии зидди тоторҳои Қримро маҳкум кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG