Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони деҳае дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 24 октябр духтари 15-солаи маҳаллиро ба хок супурданд. Хешовандон мегӯянд, ки зоҳиран З.М. даст ба худкушӣ задааст. (Исми ин духтари ноболиғ барои Радиои Озодӣ маълум аст, вале бо далелҳои ахлоқӣ аз нашри ному номи падари ӯ худдорӣ мекунем). Ҷасади беҷони духтари хурдиро шабонгоҳ падар аз дор ҷудо кардааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, вале аз рӯи фарзияи пешакӣ, ин ноболиғ зери фишори равонӣ ва ахлоқӣ даст ба худкушӣ задааст. Рӯзи 24 октябр як масъули мактаби №4-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки З.М. онҷо таҳсил мекард, баъди маросими ҷаноза ба Радиои Озодӣ гуфт, ин духтар дар синфи 9 таҳсил мекард.

Ба гуфтаи ин масъул, ки бо сабаби халал ворид накардан ба кори тафтишот аз нашри номаш худдорӣ кард, гуфт, ба нақли волидон ҳодиса нимишабии 23 ба 24 октябр рух додааст. “З.М. соатҳои 1-и шаб бо банди пресс худашро хафа карда, ба ҳалокат расонидааст. Падараш аз ин воқеа хабардор шуда, ӯро аз дор ҷудо кардааст. Имрӯз 24 октябр дар намози пешин З.М. ро ҷаноза карда, ба хок супориданд. Ҳоло аз ҷанозааш омадем”.

Ба гуфтаи муаллимони мактаб, падари З.М. посбон ва модараш хонашин будаанд. З.М. дар оила духтари хурдӣ буд. Масъулини мактаби №4 аз ӯ ҳамчун духтари «боодоб ва хушахлоқ» ёд карда гуфтанд, ки таҳсили хуб дошт ва аз назари ахлоқ ҳам намунаи ҳамсолонаш буд. Онҳо гуфтанд, марги ин духтари хушном ҳамаро таконзада кард. Масъулини Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ баъди сар задани воқеа ҳамсинфон ва роҳбари синфи ӯро бозпурсӣ карда, феълан дар пайи муайян кардани сабабҳои сар задани ҳодиса мебошанд.

Полис аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса ва ҳам фарзияҳои эҳтимолии фоҷеаи сарзада худдорӣ мекунад. Вале бархе сокинони маҳалла мегӯянд, ки баъди издивоҷи дӯстписараш, ин духтар зери бори таънаву маломати атрофиён қарор гирифт. Як сокини маҳаллӣ гуфт, З.М. баъди арӯсии писар шадидан афсурда шуд ва зоҳиран, тааънаву писхандҳои баъзе дӯстону ҳамсояҳо эҳсоси ноумедиву шармандагии ӯро бештар кард. Солҳои охир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои худкушӣ дар миёни занону духтарон нав нест.

Соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст. Ба ин иқдом 159 мард, 168 зан ва 55 ноболиғ даст задаанд. Бархе аз занҳо аз роҳи ғарқшавӣ дар рӯдхонаҳо ба ҷони худ ҷабр мекунанд. Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад. Қурбониён маъмулан худкуширо ҳамчун роҳҳали мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодии худ интихоб мекунанд, ки аз назари фаъолони ҳуқуқи занон, хеле нигаронкунанда аст.

Танҳо дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ 16 ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд. Як сабаби аслии худкушии ноболиғонро равонпизишкон ва муфаттишон – ҳолати бади равонии наврасон меноманд, ки дар ҳолатҳои бӯҳронӣ роҳҳали мушкили худро мустақилона пайдо карда наметавонанд ва зееҳни ташккулноёфтаи онҳо маргу халосӣ аз мушкилро гӯё танҳо роҳҳал машварат медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG