Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Тоҷикистон хабари ошкоршавии ҷасади кӯдакро месанҷад


Матбуоти Русия хабар дод, ки дар манзиле, ки онро муҳоҷирони тоҷик иҷора мегирифтанд, ҷасади кӯдаки тахминан якунимсола ошкор шудааст. Ин хона дар ҳудуди ноҳияи Калининскии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир аст. Кумитаи тафтишотии ин ноҳияи қазияи марги мармузи духтарчаро мавриди санҷиш қарор додааст.

Оҷонсии хабарии «Оперативное прикрытие» гуфтааст, ки ҷасади кӯдак нисфирӯзии 23 октябр дар дохили хонае пайдо шуд, ки дар хиёбони Светлановский ҷойгир аст. Иҷоранишинҳои ин хона шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки дар ин хона ҳақи иҷораи муваққатӣ доштаанд. Санҷиши пешакӣ маълум кард, ки дар ҷисми кӯдак нишонаҳои марги маҷбурӣ дида намешавад.

Тафсилоти бештар дода намешавад ва инчунин маълум нест, ки то куҷо воқеан ҳам ин тифл аз хонаводаи тоҷик будааст.

Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 24 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин хабар таҳқиқ мешавад ва феълан дар робита бо тафсилоти ҳодиса иттилое дар даст нест.

Русия макони кори беш аз 1 миллион сокини Тоҷикистон аст ва дар ҳолатҳои зиёд муҳоҷирон ҳамроҳ бо аҳли хонаводаашон ба ин кишвар барои кору зиндагӣ мераванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG