Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳе дар Суғд чор нафарро бо ҷурми пайравӣ аз "Салафия" ба зиндон маҳкум кард


Акс аз бойгонӣ аст

Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов 5 сокини ин маҳалро бо ҷурми пайравӣ аз равияи мамнӯи динии “Салафия” маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ Ҳомидҷон Бойматов, Муъминҷон Содиқов, Бахтиёр Аҳмадов ва Маҳмудҷон Файзиевро

ба иштирок дар фаъолияти равияи динии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи Олӣ манъ шудааст, айбдор донист ва барои 5 сол ҳамаи ононро ба зиндони низомаш пурзӯр равон кард. Додгоҳ гуфт, ки ин афрод аввалҳои соли 2016 бо даъвати Ҳомидҷон Бойматов барои гирифтани маълумоти динӣ, вале дар асл барои огоҳ шудан аз ақидаҳои созмони тундрав ҷамъомадҳо ташкил мекарданд.

Додгоҳ мегӯяд, онҳо дар маҳфилҳои худ аз наворҳои динӣ ва варақаҳои таблиғотии равияи тундрави “Салафия” истифода мекарданд. Вале ба гуфтаи як хеши ин маҳкумшудагон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, маҳкумшудаҳо танҳо ташкили ҷамъомад ва омузишҳои диниро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки онҳо мақсади омузиши фарзи айни динӣ, мисли намозу рӯзаро доштанд ва ба ҳеҷ сурат ҳадафи омӯзиши ақидаҳои равияи мамнӯи “Салафия”-ро надоштанд.

Сохторҳои ҳифзи қонун аъзои ин гурӯҳро моҳи июни соли ҷорӣ дастгир намуда, тафтиши парвандаро кумитаи амнияти Суғд анҷом дод.

Дар бархе мурофиаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон маҳкумшудаҳо ба пайравӣ аз ақидаҳои тундрави мазҳаабӣ мегӯянд, ки қурбони тӯҳмат шудаанд ва ҳадафи онҳо танҳо анҷоми фаризаҳои исломӣ будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG