Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров: Ба созиши манъи силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ намешавем


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки ҷаҳон аз музокироти Русияву ИМА набояд “дар ояндаи наздик интизори натиҷаҳои қобили мулоҳиза” бошад. Дар як суханронии рӯзи 20 октябраш дар Маскав дар конфронси адами тавсеаи силоҳҳо гуфт, ки вазъи дар атрофи созиши соли 1987 дар бораи силоҳҳои миёнапарвози ҳастаӣ имзошуда миёни Вашингтону Маскав вориди бунбаст шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон намехоҳад мушаххасан бигӯяд, ки дар кадом маврид Русия созишро нақз кардааст. Вай гуфт, Маскав дар робита бо иштибоҳҳое, ки Вашингтон роҳ додааст, нигарониҳои худро дорад ва Вашингтонро барои пинҳон доштани хатоҳояш гунаҳгор кард.

Лавров рӯзи 20 октябр инчунин гуфт, ки Русия ба созиши манъи силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ намешавад:

“Мо ба созиши манъи силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ нахоҳем шуд. Тарафдорони ин ҳамроҳшавӣ, созмони Маъракаи байналмилалии манъи силоҳи ҳастаӣ, ки ба наздикӣ ҷоизаи Нобел гирифт, эҳтимолан ормонҳои хубе дорад. Онҳо мехоҳанд, ки силоҳи ҳастаӣ манъ шавад. Вале, биёед, як чизро дарк кунем, ки чунин тасмим танҳо дар шароити комилан бесилоҳ шудани ҳама ҷонибҳо гирифат мешавад. Шарт ин аст, ки амнияти ҳама, аз ҷумла кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ҳамаҷониба таъмин шавад”.

Як рӯз пеш аз ба айни чунин мазмун дар Сочи президент Владимир Путин ҳам изҳори назар кард.

XS
SM
MD
LG