Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Ғарбро дар "меъёрҳои дугона" муттаҳам кард


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бори дигар кишварҳои ғарбиро дар "меъёрҳои дугона" айбдор кард. Ӯ ҳангоми суханронӣ дар маҳфили таҳлилии "Валдай" дар шаҳри Сочии Русия гуфт, дастгириҳои Аврупо аз тақсимшавии як қатор кишварҳо ва ҷудо шудани Косово ба афзоиши ҷудоиталабӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла вазъи Каталония, сабаб гаштааст.

Ба гуфтаи президенти Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва як қатор кишварҳои дигари Ғарб якдилона ҷонибдорони истиқлоли Каталонияро маҳкум карданд, вале бе гуфтугӯ аз ҷудо шудани Косово ҳимоят намуданд. "Ин гуна меъёрҳои дугона хатари ҷиддиеро барои рушди устувори Аврупо хоҳад дошт", - афзуд Путин. Ӯ изҳор дошт, ки Русия вазъ дар Каталонияро кори дохилии Испания медонад.

Путин гуфт, СММ бояд маркази низоми байналмилалӣ бимонад. Ба назари вай, ин созмон ба ислоҳоти тадриҷӣ ниёз дорад. Президенти Русия қайд кард, ки аҳамияти илмиву техникии рушди кишварҳо дар сиёсатгузории ҷаҳонӣ танҳо дар баробари омили геополитикӣ, андозаи қаламрави кишварҳо ва ғайра афзоиш хоҳад ёфт.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки "Путин барои як суханронии хеле муҳиму ҷолиб дар форуми "Валдай" омодагӣ мебинад".

XS
SM
MD
LG