Палатаи болоии порлумони Украина 19 октябр лағви дахлнопазирии вакилони ин кишварро, ки яке аз талабҳои асосии эътирозгарон аст, ба баррасӣ мегирад. 17 октябр дар маркази шаҳри Киев ва 10 шаҳри бузурги дигари Украина садҳо сокини ин кишвар ба ҷонибдорӣ аз ислоҳоти сиёсӣ тазоҳурот карданд.
Бино ба хабарҳо, дар натиҷаи задухӯрди эътирозгарон бо кормандони пулис дар назди бинои порлумони Украина 4 нафар, аз ҷумла як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осеб дидаанд.
Эътирозгарон аз мақомоти Украина ислоҳи низоми интихоботӣ, лағви дахлнопазирии вакилони порлумон ва таъсиси Додгоҳи зидди коррупсияро дар ин кишвар талаб карданд.
Дар изҳороти муштараки созмондиҳандагони тазоҳурот омадааст, ки эътирози онҳо осоишта ва босамар буд. Ҳамчунин қайд шудааст, ки хаймаҳо то иҷрои талаби эътирозгарон боқӣ хоҳанд монд.
Ба иттилои нашрияи "Украинская правда", созмондиҳандагони тазоҳурот амали худсаронаи бархе аз кормандони пулисро, ки зидди эътирозгарон аз нирӯ истифода бурданд, маҳкум карданд.
Шумори тазоҳургарон аз ду то чор ҳазор одам гуфта мешавад. Миёни онҳо ҷонибдорони губернатори пешини Одесса ва собиқ президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, аъзои ҳизби Озодӣ, Иттиҳоди демократӣ, Худкумак ва Корпуси миллии Украина низ буданд.