Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тоҷик барои ғорати 1,5 миллион рубл ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд


Додгоҳе дар вилояти Калугаи Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамлаву ғасби 1,5 миллион рубл пулҳои мошини «Почтаи Русия» дар маҷмӯъ ба қариб 20 соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузории Интерфакс менависад, ки додгоҳи ноҳияи Жуковскии вилояти Калуга рӯзи 13 октябр ҳукм кард, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯи моддаи «ҳамлаи ғоратгаронаи гурӯҳӣ дар ҳаҷми махсусан калон» гунаҳгор дониста шуданд.

Ҳодиса апрели соли 2016 рух дод. Ҳамлагарон дар шоҳроҳи Волковское-Некрасовои ноҳияи Тарусский ба хаткашон ва ронандаи мошини идораи почтаи ноҳияи Жуковский ҳамла карда онҳоро латукӯб ва дар дохили бағоҷи мошин маҳкам кардаанд. Баъдан бо дуздидани 1,5 миллион рубли русӣ аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Илова ба зиндон маҳкумшудаҳо бояд ҷуброни пулии ҷабрдидаҳоро ҳам пардохт кунанд. Исми шаҳрвандони Тоҷикистон оварда намешавад. Мӯҳлати муқарраршудаи додгоҳро маҳкумшудаҳо дар зиндони низомаш сангин пушти сар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG