Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ: Узви раёсати олии ҳизб бо талаби Интерпол боздошт шуд


Ҳизби наҳзати исломӣ аз боздошт шудани як узви раёсати олии ин ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон хабар дод. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ шоми 10 октябр бо пахши баёнияе хабар дод, ки узви баландпояи ин ҳизб Мирзораҳим Кузов (маъруф бо исми Шоҳнаими Карим) дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Атени Юнон боздошт шуд. Боздошти сиёсатмадори 57-сола бо дархости полиси байналмилалӣ ё Интерпол сурат гирифтааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки аз вуруди Шоҳнаими Карим ба хоки Юнон шоми 9 октябр ҷилавгирӣ шуд ва феълан ӯ дар боздошт ба сар мебарад. ҲНИТ мегӯяд, ки Шоҳнаими Карим дар ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА, ки аз 11-уми сентябри 2017 то 22-юми сентябр дар шаҳри Варшава баргузор шуд, ширкат карда, дар роҳи бозгашт ба Юнон боздошт шуд. Ба иттилои ҳизб, барои раҳоии сиёсатмадор аз боздошт раҳбарияти ҳизб ва созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар сафарбар шудаанд.

То шоми 10 октябр Шоҳнаими Карим бо вакили дифоъ таъмин набуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG