Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Сафдар - домоди Навоз Шариф боздошт шуд


Домоди Навоз Шариф Муҳаммад Сафдар ба додгоҳ меравад. 9 октябри соли 2017.
Домоди Навоз Шариф Муҳаммад Сафдар ба додгоҳ меравад. 9 октябри соли 2017.

Мақомоти зидди фасоди Покистон Муҳаммад Сафдар, домоди нахуствазири пешини Покистонро дар заминаи парвандаи фасодкорӣ боздошт карданд.

Вазири кобина Талал Чодурӣ гуфт, ки Муҳаммад Сафдар рӯзи 9 октябр баробари бозгашташ аз Лондон дар фурудгоҳи Исломобод боздошт шуд.

Ин боздошт чанд соат пеш аз зуҳри Муҳаммад Сафдар ва ҳамсараш Марям Навоз дар додгоҳи зиддифасод сурат гирифт. Марям Навоз боздошт нашуд ва баъдтар ба додгоҳ расид.

Интизор меравад, ҳукми худи Навоз Шариф дар заминаи иттиҳоми фасодкорӣ рӯзи 9 октябр эълон шавад. Додгоҳи зиддифасод рӯзи 2 октябр эълони ҳукми ӯро ба як ҳафта мавқуф гузошта буд.

Навоз Шариф, духтар, домод ва ду писараш баъди таҳқиқи фошкориҳои маъруф ба "Авроқи Панама", ки гуфтааст Шариф ва дигарон сарватҳои пинҳонӣ дорад, дар ростои ҳукми Додгоҳи Олӣ қарор гирифт.

Моҳи июл Додгоҳи Олӣ Навоз Шарифро ба истеъфо маҷбур кард. Шариф иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки таъқиби ӯ ҷанбаи сиёсӣ дорад.

Рақибони нахуствазири пешин ӯ ва хонаводаашро ба "пулшӯӣ" ва истифодаи дороиҳо барои харидории моликият дар Лондон муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG