Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Отамбоев ба оташи баҳс бо Остона равған рехт


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Изҳороти тозаи Алмосбек Отамбоев – раиси ҷумҳури Қирғизистон – дар бораи дахолати ҳукумати Қазоқистон барои интихоби раҳбари ояндаи ин кишвар баҳси Бишкеку Остонаро дубора доғ кард.

Отамбоев рӯзи 7-уми октябр дар як ҳамоиш гуфт, “ман як интихоботи шаффоф баргузор хоҳам кард. Ҳар халқ ҳокимашро бояд худ интихоб кунад. Ва раҳбар муваззаф аст, ба онҳое, ки ӯро интихоб кардаанд, хидмат намояд. Ҳоло хуб дарк мекунам, ки чаро ҳукумати Қазоқистон мехоҳад, чунин раҳбаронро ба мо таҳмил кунад.”

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 8-уми октябр ба ин изҳори назари Алмосбек Отамбоев вокуниш кард. Вазорат гуфт, ки чунин изҳорот ба нафъи равобити дӯстонаи ду кишвар нахоҳад буд.

Ҷониби Қазоқистон умедворӣ кардааст, ки ин изҳороти, ба гуфтаи онҳо, “дурӯғин, бемасъулиятона ва иғвоангез” наметавонад ба дӯстии чандинасраи ду халқ зарба бизанад.

Аз ин пеш, дар моҳи сентябр, мулоқоти Омурбек Бабанов, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон баҳси тундеро миёни ҳукумати ду кишвар ба по кард.

Қирғизистон Остонаро ба дахолат дар умури дохилии ин кишвар муттаҳам кард. Аммо ҷониби Қазоқистон гуфт, ки ин мулоқот ба маънои ҳимоят аз кадом номзади мавриди назар набуд.

XS
SM
MD
LG