Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби истеъфои Владимир Путин дар ҷашни 65-солагиаш. ВИДЕО


Тарафдорони Алексей Навалний – раҳбари мухолифини Кремл – рӯзи 7-уми октябр дар ҷашни 65-солагии раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар саросари ин кишвар алайҳи ӯ роҳпаймоӣ карданд.

Онҳо дар бисёре аз шаҳрҳо, аз ҷумла Маскаву Владивосток ва Хабаровск ба кӯчаҳо баромада, хостори барканории Путин аз қудрат шуданд. Ҳамчунин, эътирозгарон хостанд, ки шароити иштироки Алексей Навалний дар интихоботи президентии Русия фароҳам бишавад.

Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри Санкт-Петербург, зодгоҳи Владимир Путин, чанде аз эътирозгарон боздошт шуданд. Дар он гуфта мешавад, наздик ба ҳазор тарафдори Навалний роҳпаймоӣ карданд.

Додгоҳе дар Русия рӯзи 2-юми октябр раҳбари мухолифини ҳукумат Алексей Навалнийро бори севум дар соли равон ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Ҳамин тариқ, ба эҳтимоли зиёд, барномаи мунаққиди сарсахти Кремл дар сабқат барои курсии президентии Русия дарҳаму барҳам зад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия моҳи марти соли 2018 баргузор мешавад. То ҳол президенти ин кишвар Владимир Путин дар ин бора чизе нагуфтааст, вале пешбинӣ мешавад, ки ӯ ба зудӣ номзадиашро пешбарӣ намуда, бори дигар дар интихобот пирӯз хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG