Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Русия ба барномаи ОАМ бо кумаки " Касперский" ворид шуд


Марде дар озмоишгоҳи Касперский - ситоди
кибер-амнияти Русия
Марде дар озмоишгоҳи Касперский - ситоди кибер-амнияти Русия

Русия ба барномаи Оҷонсии Амнияти Миллии Амрико - вуруд ба шабакаи компютерҳои хориҷӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои киберӣ, дар ҳоле даст ёфт, ки корманди ин оҷонсӣ маводи маҳрамонаро дар компютери хусусияш гузошт. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 5 октябр бо такя ба манбаҳояш гузориш дод.

Ҳакерҳои Русия ин маводро барои он шиносӣ карданд, ки коргари Оҷонсии Амнияти Миллии Амрико нармафзори зидди вирусии "Озмоишгоҳи Касперский"-ро истифода мекард, навиштааст The Wall Street Journal.

Авоили моҳои октябр Евгений Касперский, бунёдгузор ва раҳбари "Озмоишгоҳи Касперский" гуфт, омодааст собит кунад, ки ширкаташ на ба хадамоти ҷосусии Русия ва на ҳеҷ давлати дигар ҳамкорӣ надорад. Барои ин Касперский раводиди бетаъхири Амрикоро дархост карда буд.

Рӯзи 13 сентябр Департаменти амнияти дохилии ИМА истифодаи маҳсулоти "Озмоишгоҳи Касперский"-ро дар ҳама идораҳои давлатӣ манъ кард. Кохи сафед бар ин назар аст, ки ин ширкат метавонад бо хадамоти истихбороти Русия ҳамкорӣ дошта бошад ва хадамот метавонад бо истифода аз барномаҳои "Касперский" ба сохторҳои Амрико ҳамлаҳои ҳакерӣ анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG