Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мэттис гуфт, "бори дигар барои кор бо Покистон" талош мекунад


Мэттис ҳангоми гузоришдиҳӣ дар Кумитаи порлумон
Мэттис ҳангоми гузоришдиҳӣ дар Кумитаи порлумон

Вазири дифои Ийолоти Муттаҳида Ҷим Мэттис гуфт, ки Амрико қабл аз рӯ овардан ба чораҳои дигар, дар муқобили эҳтимоли пуштибонии Покистон аз гурӯҳҳои ҷангӣ дар дохили Афғонистон, як бори дигар талош мекунад бо ин кишвар кор кунад.

Мэттис рӯзи 3 октябр ба Кумитаи артиши палатаи намояндагон гуфт, "мо бори дигар талош мекунем, ки ин стратегия барои Покистон низ кор кунад ва агар беҳтарин талошҳои мо ба нокомӣ рӯ ба рӯ шаванд, дар он сурат президент Трамп омодааст аз иқдомоти зарурӣ кор бигирад.

Раҳбари Пентагон гуфт, ки ӯ базудӣ ба Покистон меравад, аммо рӯзи мушаххасро номбар накард.

Ҷим Мэттис якҷо бо раҳбари ситоди муштарак генерал Ҷосеф Данфорд бори дуюм дар бораи "Стратегияи нави Амрико дар Афғонистон" ба Кумитаи артиши палатаи намояндагон гузориш дод.

Моҳи август президенти ИМА Доналд Трамп зимни шарҳи стратегияи нави ИМА дар Афғонистон гуфт, ки барои маҳви паноҳгоҳи тундравон фишорҳои бештарро рӯи Плокистон пиёда мекунад. Аммо ӯ шарҳ надод, ки ин фишорҳо аз чӣ иборат хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG