Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди CBS барои "сафед" кардани куштори Лас Вегас ихроҷ шуд


Шабакаи телевизионии амрикоии CBS корманди аршади масоили ҳуқуқи шабака Хэйли Гефтман-Голдро барои изҳори назар дар робита ба куштор дар Лас Вегас ихроҷ кард. Ба иттилои The Washington Post, хонум Хэйли Гефтман-Голд дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки афроди дар ин ҳамлаи террористӣ кушташуда лоиқ ба ҳамдардӣ нестанд, зеро аксари онҳо ҷумҳурихоҳ ва ҷонибдорони фурӯши силоҳ буданд.

Ин изҳори назар боис ба эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Истифодабарандагон аз шабакаи CBS талаб карданд, ки Хэйли Гефтман-Голд аз мақомаш барканор шавад.

Раҳбарони шабакаи телевизионӣ дар як эъломия гуфтаҳои корманди худро "ғайри қобили қабул" номиданд.

Худи Хэйли Гефтман-Голд навиштаашро пок кард ва аз тариқи шабакаи FOX News аз мардум узр хост.

Тирандозӣ ҳангоми ҷашнвораи мусиқии "Route 91 Harvest" шоми 1-уми октябр сурат гирифт. Ҳамлагар - сокини 64-солаи Лас Вегас Стефан Паддок аз ошёнаи 32-уми меҳмонхонаи Mandalay Bay ба сӯи ширкатдорони ҷашнвораи мусиқӣ аз силоҳи автоматӣ тир кушод.

Мақомот мегӯянд, тирпарронии ин мард чанд дақиқа идома кард ва ӯ қабл аз ҳамлаи пулис худкушӣ кард. Дар ин тирандозӣ дастикам 58 нафар кушта ва беш аз 500 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Пулис аз ҳуҷраи Стефан Паддок дар меҳмонсаро 10 мил силоҳ ёфт.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп куштори дастҷамъӣ дар Лас Вегасро "амали шарорати комил" номид.

XS
SM
MD
LG