Порлумони Тоҷикистон муҷозот барои напардохтани алиментро сахттар кард. Бар асоси тағйиру иловаҳо ба "Кодекси ҷиноии Тоҷикистон", ки порлумон онро рӯзи 2-юми октябр тасвиб кард, афроде, ки дар муддати се моҳ барқасдона аз пардохти алимент сарпечӣ мекунанд, мавриди муҷозоти ҷиноӣ, яъне ҳабс қарор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки қаблан афроди муттаҳам барои ин амал, ду сол ҳабси шартӣ ва ё ҷарима мешуданд.
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 2-юми октябр зимни муарифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба “Кодекси ҷиноӣ” зарурати тағйиру иловаҳо ба “Кодекси ҷиноӣ”-ро шарҳ дод ва гуфт, ки дар бештари маворид афроди қарздор аз алимент бо додани маблағи ночизе аз муҷозот раҳо мешуданд. Ба гуфтаи ҷаноби Шоҳмурод, дар солҳои ахир теъдоди афроде, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, бамаротиб афзоиш ёфтааст ва дар идораҳои давлатӣ беш аз 65 ҳазор иҷроварақаҳо дар маврид пардохт нашудани алимент, вуҷуд дорад.
Вай гуфт, бар асоси моддаи 178 – и Кодекси ҷиноӣ афроде, ки барқасдона дар муддати се моҳ алиментро пардохт намекунад, ба муддати то 3 сол зиндонӣ хоҳад шуд. Тасвиби ин лоиҳаи қонун дар пайи иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои сахттар кардани ҷазо барои мардоне, ки аз пардохти алимент ба фарзандонашон сарпечӣ мекунанд, рӯи даст гирифта шуд.
Бар асоси тарҳи тағйирот ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандии Тоҷикистон, ки барои баррасӣ ба порлумон ироа шуд, дар сурати як моҳ сарпечӣ кардан аз пардохти алимент, кори чунин мардон ба қазовати додгоҳ гузошта мешавад. Қаблан ин мӯҳлат 3 моҳро дар бар мегирифт.
Соли гузашта ҳудуди 9 ҳазор ҷуфт тариқи додгоҳҳои Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шуданд, ки аксарияти онҳо фарзанди ноболиғ доранд. Қонун мардонро муваззаф кардааст, ки то ҳаждаҳсолагии фарзандон ҳар моҳ ба онҳо алимент пардозанд. Бархе аз занҳо аз он шикоят доранд, ки мардон баъди ҷудоӣ аз ҳамсарони худ майле ба нигоҳубини фарзанд надоранд ва тамоми харҷи ғизо ва либосашонро ба ӯҳдаи ҳамсарони собиқи худ мегузоранд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ва созмонҳои дигаре, ки ба мушкили хонаводаҳо, аз ҷумла ба масъалаи пардохти алимент расидагӣ мекунанд, мегӯянд, омори хос дар мавриди шумори афроде, ки дар масъалаи алимент муроҷиат карданд, дар даст нест. Марҳабо Олимӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки муроҷиати занҳо барои гирифтани алимент ва ҷудо шудан аз никоҳи расмӣ бештар шудааст. Сабаби ин, ба гуфтаи ӯ, азҳампошии беш аз ҳадди хонаводаҳост.