Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талотум дар истгоҳи Мумбай дастикам 22 нафарро қурбон кард


Истгоҳи Мумбай
Истгоҳи Мумбай

Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ки дар пайи талотум ва фирори мардум дар истгоҳи роҳи оҳани Мумбай дастикам 22 нафар ҷон бохт ва 30 тани дигар захм бардошт.

Пулис мегӯяд талотуму воҳима дар гузаргоҳ, ё пуле рух дод, ки ду тарафи роҳи оҳанро дар истгоҳи Елфинстони Мумбай баҳам мепайвандад.

Ин истгоҳ дар соатҳои шитоби кормандон ба ноҳияи Парелаи Поён бисёр пуродам аст. Ноҳия дар маркази Мумбай ҷойгир буда, дар он биноҳои замонавӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва намояндагиҳои ширкатиҳои хориҷӣ бунёд ёфтааст.

Мақомот мегӯянд, мусофирон дар зери чатри пул аз борон пинҳон шуданд ва талотуми бештарро бавуҷуд оварданд. Ба гуфтаи пулис мардум баъди пахши шоеаи шикастани ин гузаргоҳи пиёдагард рӯ ба гурез оварданд.

Наворҳои интернетӣ нишон медиҳанд, ки чӣ тавр одамон ба хотири зери пойи тӯда намондан, худро аз пул саросер карданд, ё дар панҷараҳои он овезон шудаанд.

XS
SM
MD
LG