Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири беҳдошти ИМА $400 ҳазори буҷаро сарфи парвозҳояш кард


Доналд Трамп бо вазири беҳдошт Том Прайс

Раиси ҷуҳмури ИМА Доналд Трамп аз харҷи сафарҳои вазири вазири беҳдошт ва хадамоти иҷтимоӣ Том Прайс, ки гуфта мешавад $400 ҳазори буҷаро сарф кардааст, изҳори норозигӣ кард. Дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки оё президент вазирро сабукдӯш мекунад, Трамп гуфт: "мебинем".

Трамп гуфт, аз хабарҳо дар бораи он ки Прайс на камтар аз 20 дафъа бо ҳавопаймоҳои хусусӣ парвоз кардааст, "норозист". Ин парвозҳо 400 ҳазор доллар харҷ доштаанд.

Палатаи намояндагони Амрико аз ҳукуматдорон хост, ки дар бораи истифодаи ҳавопаймоҳои хусусӣ аз сӯи мансабдорони баландпоя бо ҳадафҳои расмӣ ва шахсӣ, иттилоъ диҳанд.

Прайс аз рӯи касб пизишк аст ва дар гузашта узви Конгресс ҳам буд. Дар замони фаъолияташ дар порлумон, соли 2010 Нэнси Пелосӣ, раиси вақти Палатаи намояндагонро барои истифодаи ҳавопаймои хусусӣ танқид карда буд.

Ба ҷуз аз Прайс, ду узви дигари кобинаи вазирони ИМА барои парвоз бо ҳавопаймоҳои хусусӣ танқид шуниданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG