Шумораи занони роҳбар дар хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон аз соли 2010 то имрӯз шаш маротиба афзоиш ёфтааст. Ба қавли мақомоти тоҷик, имрӯз аз чор роҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар Тоҷикистон, як нафараш зан мебошад. Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оила рӯзи 29-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шумораи занони соҳибкор, ки роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро бар ӯҳда доранд, дар Тоҷикистон майли зиёдшавӣ дорад.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи кор ба занон ва оила, "саҳми бонувони тоҷик дар шумораи умумии субъектҳои соҳибкории мамлакат имрӯз 27 фоизро ташкил медиҳад ва бештари занон ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд."
Дар Тоҷикистон ҳарчанд кори саҳроро асосан занҳо анҷом медиҳанд, аммо ба далели мушкили зиёд, шумораи ками онҳо тавонистаанд роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро бар ӯҳда дошта бошанд, ё хоҷагии деҳқонӣ ташкил кунанд. Ба муҳоҷират рӯй овардани қисмати бештари мардон ва ҳам беҳтар шудани саводи молиявии занон, аз омилҳои аслии зиёд шудани роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби занон гуфта мешавад.