Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳе дар Қрим Умаровро ба ду соли зиндон маҳкум кард


Илмӣ Умаров

Додгоҳе дар нимҷазираи аз сӯи Русия илҳоқшудаи Қрим Илмӣ Умаров, яке аз раҳбарони тоторҳои Қримро дар ҷудоихоҳӣ айбдор ва ба ду соли маҳбас маҳкум кард. Ин ҳукмро дар Ғарб ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ интиқод карданд.

Бар пояи ҳукми додгоҳи шаҳри Симферопол, ки рӯзи 27 сентябр эълон шуд, Илмй Умаров дар ИТК ё муассисаи ислоҳии корӣ нигоҳ дошта мешавад.

Илмӣ Умаров, муовини раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим, аз мунаққидон ва мухолифони сарсахти илҳоқи нимҷазира аз сӯи Русия буд. Ӯ ҳамчунин дар робита ба таъқиби тоторҳои Қрим аз тарафи Маскав садо баланд мекард.

Мақомоти Қрим моҳи августи соли 2016 Илмӣ Умаровро дар бемористони маризиҳои рӯҳӣ ҷой карданд. Созмони дибдони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Вотч ин амалро чун “нақзи гӯшношуниди ҳуқуқи Илмӣ Умаров” арзёбӣ намуд.

Умарови 59-сола дар суханронияш дар додгоҳ рӯзи 20 сентябр изҳор кард, ки иттиҳом алайҳи ӯ, дар асл, муҷозоти онҳоест, ки бар зидди илҳоқи Қрим аз сӯи Русия садо баланд кардаанд. “Ман илҳоқро забти нимҷазира аз сӯи Русия ва ҳукумати аз тарафи Маскав таъиншударо ҳукумати ишғолгар меномам”, изор намуд Илмӣ Умаров дар мурофиаи додгоҳӣ. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки худро фақат шаҳрванди Украина мешуморад.

Чанд рӯз пеш додгоҳе дар Қрим журналисти ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Микола Семенаро ҳам дар ҷудоиандозӣ гунаҳкор ва ба мӯҳлати 2,5 соли шартӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Ин парвандаро ҳам дар Ғарб ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ интиқод карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG