Пайвандҳои дастрасӣ

Киев сӯхтор дар анбори силоҳро "харобкорӣ аз сӯи Русия" мехонад


Додситонии низомии Украина дар робита ба сӯхтор дар анбори силоҳи қисми низомии вазорати мудофиа, воқеъ дар канори шаҳраки Калиновкаи вилояти Винитса, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Сухангӯи Хадамоти амнияти Украина Елена Гитлянская ба расонаҳо гуфт, ки Киев сӯхтор дар анбори силоҳро чун харобкории нерӯҳои душман арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Украина Юрий Бирюков, харобкорӣ аз тариқи ҳавопаймои бесарнишин сурат гирифтааст. Ӯ дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки қабл аз сӯхтор дар наздикиҳои анбор чанд нафари ношинос боздошт шуданд.

Нахуствазири Украина Владимир Гройсман, ки ба таври оҷил ба Винитса рафт, аз “дасти бегона” дар сӯхтори анбори силоҳ ҳарф зад.

Мушовири вазири умури дохилии Украина Зорян Шкиряк изҳор намуд, ки оташсӯзӣ дар анбори силоҳ аз сӯи Русия роҳандозӣ шудааст.

Сӯхтор дар анбори силоҳ шоми сешанбе ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилои полис, аз шаҳраки Калиновка ва рустоҳои атроф 28 ҳазор нафар ба дигар макон кӯчонида шуданд. Дар ин ҳодиса ду нафар осеб дид. Ҳарими ҳавоӣ ва шоҳроҳи Винитса -Киев баста ва ҳаракати қатораҳо маҳдуд шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG