Бар асари таркиш дар минтақаи доғистонии марзи Русияву Гурҷистон як сарбози гурҷӣ кушта ва се низомии дигар маҷрӯҳ шуданд.
Бино ба иттилои вазорати дифои Гурҷистон, фоҷиа дар дастаи марзбонии Лагодех шояд бар асари тасодуф рӯй додааст, аммо фарзияи ҳамлаи террористӣ ҳам таҳқиқ мешавад. Аммо вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, ки таркиш ҳамлаи террористӣ нест. Он дар як минтақаи душворгузари кӯҳӣ рӯй дод, ки он ҷо марзбонҳои гурҷӣ хаймаи муваққатӣ гузошта буданд.
Сабаби таркиш ҳанӯз маълум нест. Ҳадс зада мешавад, ки баллони газ ва тирдонҳо таркидаанд.
Ҷасади марзбони ҷонбохта ба Тифлис оварда шуд. Вазъи се марзбони дигар, ки дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд, вазнин арзёбӣ мешавад.