Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Исматулло Абдуллозода бозпурсӣ нашудааст"


Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфтанд, ки Исматулло Абдуллозода – мудири фурудгоҳ дар робита ба қочоқи паррандаҳои нодир аз Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб бозпурсӣ нашудаааст. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Исматулло Абдуллозода ба бозпурсӣ даъват нашудааст. Баръакс, Абдуллозода пас аз ошкор шудани ин қазия шахсан супориш дод, ки мақомоти қудратии кишвар бояд дар ин замина тафтишот баранд ва гунаҳкорон ба ҷазо кашида шаванд.”

Ба қавли Ҳусейнова, “ҳоло тафтишоти қазия аз ҷониби Додситонии нақлиёти Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ҷараён дорад”.

Як мақоми интизомӣ рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси фурудгоҳ ба он хотир бозпурсӣ шудааст, ки имкон дошт, аз қочоқи паррандаҳои нодир ҷилавгирӣ кунад. Панҷ рӯз пеш маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Анвар Сафаров, корманди Хадамоти гумрук дар фурудгоҳро бо иттиҳоми имкон додан ба қочоқи паррандаҳои нодир ба Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт карданд. Ба гуфтаи манобеи мо, Анвар Сафаров, ба ҳайси нозири калони дидбонгоҳи ба расмиятдарорӣ дар гумруки фурудгоҳи Душанбе кор мекард.

Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи Хадамоти гумрук рӯзи 25-уми сентябр боздошти Анвар Сафаровро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки ин корманди гумрук бо гумони роҳ додан ба қочоқи паррандаҳои нодир боздошт шудааст. Бино ба гузоришҳо, Анвар Сафаровро ба мусоидат ба қочоқи 6 шоҳин ба Имороти Муттаҳидаи Араб муттаҳам мекунанд. Дар кишварҳои арабӣ шоҳин маҳбубияти зиёд дорад ва ин паррандаҳоро барои шикор истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG