Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се исроилӣ дар ҳамлае дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун


Як фаластинӣ дар назди дарвозаи маҳаллае дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун сӯи полиси низомӣ оташ кушод. Дар ин ҳодиса се нафар кушта ва як кас захмӣ шуданд. Ба иттилои полис, ҳамлагар аз оташи ҷавобӣ ба ҳалокат расид.

“Террорист ҳамроҳ бо коргарони фаластинӣ ба назди даромадгоҳи маҳаллаи Ҳар Адар омад ва якбора сӯи полис оташ кушод. Се исроилӣ кушта шуданд, як нафари дигар ҷароҳат бардошт. Худи ҳамлагар нобуд сохта шуд”, гуфтанд дар идораи полис.

Исроилии ҷароҳатбардошта ба бемористон интиқол ёфт.

Тақрибан ду cол пеш ин минтақаи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба саҳнаи бархӯрдҳои хушунатомез табдил шуда буд. Моҳҳои ахир хушунат коҳиш ёфта буд.

XS
SM
MD
LG