Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал: Вазъи ҳуқуқи инсон дар Қрим бад шудааст


Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Қрим баъди ишғол шуданаш аз тарафи Русия ба таври назаррас бад шудааст. Созмон бедаракшавии одамон, боздоштҳои беасос, шиканҷа ва ихроҷи ғайриқонуниро ҳолатҳои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон дар нимҷазира номидааст.

Коршиносони СММ гуфтаанд, ки аз амалкарди мақомоти рус бештар тоторҳои Қрим осеб дидаанд.

Дар гузориши СММ қайд шудааст, ки ба даҳҳо ҳазор сокини нимҷазира шаҳрвандии Русияро таҳмил кардаанд ва ҳар нафаре аз гирифтани он худдорӣ кард, бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла, ба кормандони давлатӣ таҳдид карданд, ки агар шаҳрвандии Русияро қабул накунанд, мақомҳои худро аз даст хоҳанд дод.

Ҳамчунин, мутобиқгардонии қонунҳо ба қонунгузории Русия барои созмонҳои ғайритиҷорӣ, расонаҳо ва ҷомеаи мазҳабии нимҷазира мушкил эҷод кард. Ҳуқуқи мухолифони ҷудошавии Қрим ба озодии баён, ҷамъомадҳои осоишта ва ақида борҳо нақз шудааст. Ба гуфтаи СММ, ин ҳама зидди конвенсияи Женева ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аст.

Дар гузориш низ қайд шуда, ки таҳқиқи ҳолатҳои ёдрасшудаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Қрим аз тарафи мақомоти рус босамар набуданд.

XS
SM
MD
LG