Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ду додрасро барканор кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон раиси додгоҳи иқтисодии Душанберо ба сабаби расидан ба синни нафақа аз мақомаш озод кардааст. Дар фармони раиси ҷумҳур, ки рӯзи 25-уми сентябр нашр шуд, Азим Машрабзода, муовини раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ҳам бо дархости худаш аз ин мақом озод шудааст.

Бо фармони дигари раиси ҷумҳур Идибек Қаландар, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳам дига созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Вена таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG