Баъд аз чаҳор соли баҳсу баррасиҳо ба баҳси ширкати “Ҳафт бурҷ” дар Тоҷикистон нуқта гузошта шуд ва шаш масъули ин ширкат мутаносибан ба 8 то 11 сол маҳкум ба зиндон шуданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин ширкат пули ҳазорон нафарро бо роҳи фиреб гирифта ва барнагардондааст. Аммо муштариён мегӯянд, бо зиндонӣ шудани роҳбарони "Ҳафт бурҷ" мушкил ҳал нахоҳад шуд, чун онҳо натавонистанд маблағҳои додаи худро бозпас бигиранд.
"Се ҳазор доллар доду оқибат инфарк шуд"
Сулҳия Шокирова, як сокини 67-солаи шаҳри Душанбе ва аз шумори даҳҳо муштариёни ширкати “Ҳафт бурҷ” мебошад, ки давоми чор сол боз наметавонад маблағҳои додаашро бозпас бигирад. Сулҳия аз ҳисоби пасандозҳояш беш аз 3 ҳазор долларро ба ширкати “Ҳафт бурҷ” супорид ва давоми чор соли сарсонӣ ба қавли наздиконаш “як дирам ҳам нагирифт.”
Бо мақсади аз роҳи фиреб, сӯистифодаи боварӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, фаъолияти корхонаро дар шакли пирамидаи молиявӣ ба роҳ мондаанд.
Ба гуфтаи наздиконаш баъди аз даст додани маблағҳояш Сулҳия ба сактаи қалбӣ дучор шуд ва ҳоло дар Русия табобат мегирад. Наздикони ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар оилаи камбизоат зиндагӣ мекунанд ва маблағи супоридаи модарашон пасандози чандинсол ҷамъкардаи онҳо буд.
Салим Шоев, яке аз наздикони Сулҳия дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ аз ширкати “Ҳафт бурҷ” як сабади майда ва як сабади калон гирифтааст. Чанд бор ба суд даъват карданд ва ӯ рафт. Аммо то ҳол ягон дирам нагирифт ва ба бемории инфарк дучор шуд."
Дар қатори Сулҳия дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар ҳастанд, ки мегӯянд, қурбони фиребкории ширкатҳои шубҳанок, ба мисли “Ҳафт бурҷ”, “Кюнет” ва ғайра шуданд. Аз ҷумла Абдулқосим Мусоев, як омӯзгор аз вилояти Суғд мегӯяд, аз оилааш чаҳор нафар ба ваъдаҳои масъулони ин гуна ширкатҳо бовар карданд ва 10 ҳазор доллари худро аз даст доданд.
Абулқосим мегӯяд, нахуст писараш ба ин ширкат ворид шуд ва баъдан се узви оилаи онҳоро ба он ҷалб кард. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бар ивази маблағ ба онҳо маҳсулоте доданд, ки баъдан маълум шуд дар бозор арзиши хеле ночиз доранд.
"Бо қимати 2,5 ҳазор доллар ба ман соат ва занҷираи тилло доданд. Аммо вақте онҳоро ба бозор бурдам соатро 300-400 сомонӣ ва занҷираро қариб 100 доллар нарх карданд. Фурӯшандаҳо гуфтанд, ки ин маҳсулотҳо аз ин зиёд қиммат надоранд. Ҳамааш гум шуда рафтанд",-гуфт Абдулқосим Мусоев.
Абулқосим мегӯяд, аз болои масъулони ширкат ба ягонҷо шикоят накардааст, чун ба рӯёндани маблағаш умед надорад. Ду писари Абулқосим се сол аст, ки дар муҳоҷират ҳастанд ва барои баргардони 10 ҳазор доллар кор мекунанд.
“Муштариён ҳавасманди зиндонӣ шудани масъулин нестанд”
Таҳлилгарон ва огоҳон мегӯянд, бо зиндонӣ шудани масъулони ширкати “Ҳафт бурҷ” ва ё чунин ширкатҳои фаъолияташаон шубҳанок мушкил ҳал намешавад. Алишер Зарифӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки қазияи мазкурро давоми чанд соли ахир пайгирӣ кардааст, мегӯяд, муштариён чандон ҳавасманди зиндонӣ шудани масъулони ширкатҳо нестанд, балки тақозои аслии онҳо рӯёндани маблағ аст.
Ба қавли ҷаноби Зарифӣ, "тақозои асосии муштариён ин аст, ки маблағи хударо бозпас бигиранд. Дар ҳукми додгоҳ муашаххасан гуфта нашудааст, ки тақдири маблағи муштариён чӣ шуд. Сари ин масъала бояд диққат дода шавад, чун онҳо ҷабрдида ҳастанд. Аз ба кунҷи зиндон рафтани чанд масъулин муштариён ҳеҷ фоида намегиранд, агар маблағи онҳо рӯёнда нашавад."
Дар ҳамин ҳол масъулони Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳозир нашуданд дар ин бора сӯҳбат кунанд.
"Ҳукме, ки чаҳор сол тӯл кашид"
Зимнан дар додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 25-уми сентябр гуфтанд, ки шаш раҳбари ширкати “Ҳафт бурҷ”-ро моҳи гузашта бо гуноҳи қаллобӣ, сӯистифода аз боварии мизоҷ барои солҳои гуногун аз озодӣ маҳрум кардаанд.
Додгоҳ Осимҷон Маруфовро ба 8, Олим Маруфов, Ориф Расулов ба 10 ва Саидҷон Садуллоев, Раҳимбек Саидов, Шарифбек Хушмаҳмадовро ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин афрод, ҳамчунин баъди озод шудан аз зиндон то 4 соли дигар аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ маҳрум шудаанд. Ба гуфтаи додгоҳ, раҳбарони ширкати “Ҳафт бурҷ” дар тӯли се се соли фаъолият бештар аз як миллион доллар маблағи муштариёнро азхуд кардаанд.
Пирамидаи молӣ барои фиреби мардум?
Додситонии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, "раҳбарони “Ҳафт бурҷ”, бо машварати пешакӣ ва бо мақсади аз роҳи фиреб, сӯистифодаи боварӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, фаъолияти корхонаро дар шакли пирамидаи молиявӣ ба роҳ монда, якчанд хизматрасониҳо, аз қабили маркетинги шабакавӣ, хизматрасонии маркетингӣ, омӯзиши забонҳои англисӣ, дарсҳои компютерӣ, ронандагӣ ба шаҳрвандон пешниҳод намудаанд."
Ба гуфтаи Додгоҳи ноҳияи Сино, аз соли 2011 то моҳи июли соли 2013 масъулини “Ҳафт бурҷ” бештар аз 1 миллион доллар ва наздики 10 ҳазор сомонии шаҳрвандонро ғайриқонунӣ азхуд кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи июли соли 2013 фаъолияти ширкати “Ҳафт бурҷ”-ро манъ кард ва ҳисобҳои онро баст. Додситонии кулл он замон гуфт, ки “Ҳафт бурҷ” мисли пирамидаи молӣ кор мекунад ва мумкин аст, аз фаъолияти он мизоҷонаш зиён бубинанд.
"Моро нагузоштанд, ки кор кунем"
Дар муҳокимаҳои додгоҳӣ Олим Маъруфов, яке аз масъулони ширкат гуфт, "агар гунаҳкор мебудам, аз Дубай намеомадам. Танҳо мехостем, бо маблағи ҷамъшуда дар ширкат маҳсулот харида, онро фурӯшем, то ба худ ва муштариён манфиат орем. Аз ин бештар нияте надоштем. Вале вақте фаъолияти ширкатро боздоштанд, дигар натавонистем кори ширкатро пеш бурда, фоидаи пули муштариёнро бидиҳем."
Фаъолияти ширкат ба тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар, вориди ширкат мешуданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб мекарданд ва аз маблағи воридшуда, даромади муайяне ба даст меоранд. Ба ин хотир, ҳар муштарии ин ширкатҳо манфиатдор буд, ки дигаронро низ ба ин кор ҷалб кунад.