Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти қочоқчии маводи дорувор дар Суғд


Ҳамакнун бо “Лексус” на танҳо мухаддирот, балкӣ доруи табобатӣ низ қочоқ мекунанд. Маркзаи матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон 22 сентябр хабар дод, ки рӯзи 21 сентябр дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Душанбе маъмурони гумрук дар маҳаллаи Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мошини “Лексус LХ 470”-ро барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз дохили ин мошин маводи доруворӣ ба миқдори 48 адад “Интеллан”, 118 адад - “Эспумизан”, 25 капсула “Симетикан”, 1250 адад малҳам барои чашм- “Эритромитсин”, 110 адад малҳами “Индометатсин”, 100 адад малҳами “Дексаметазон”, 550 адад “Валерианы экстаркт”, 100 адад “Стекловидное тело”, 70 адад “Индометатсин софарма”, 100 адад “Эуфиллин” ва 100 адад “L-Тироксин” пайдо карда шудааст. Маъмурони гумрук муайян кардаанд, ки ин миқдор мол ба худи шаҳрванд Р.А., истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ҳ.Усмонов, кӯчаи Ш.Турсунов тааллуқ дошта, номбурда онро аз деҳаи Борбордуқи Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ ва бидуни назорати гумрукӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш интиқол диҳад.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи маъмурӣ оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG