Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Иқтисоди Алмаато 5 баробари ММД-и Тоҷикистон аст


"Алмаато ҳамчун маркази бузурги иқтисодӣ шакл гирифта ва ба шаҳри бузурги сатҳи ҷаҳонӣ табдил шудааст." Дар ин бора президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 21-уми сентябр баъди боздид аз ин шаҳр изҳори назар кард.

Раҳбари Қазоқистон гуфт, дар даврони истиқлол нишондодҳои иқтисодии шаҳр рушд ёфтаанд.

“Бино ба оморе, ки дар ихтиёри ман гузоштаанд, феълан ҳаҷми иқтисоди Алмаато ду баробари маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ВВП) Гурҷистон ва қариб панҷ баробари маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қирғизистону Тоҷикистон аст. Ин нишондоди рушди муваффақонаи на танҳо шаҳр, балки дар маҷмуъ ҷумҳурӣ аст", - гуфт ӯ.

Соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қирғизистон 6,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нишондод дар миқёси кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё камтарин мебошад.

Гузоришҳои видеоӣ

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG