Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи ҷавоне, ки як рӯз пеш аз туй нопадид шуд


Ғайрат Абдураҳимов, ҷавоне, ки як рӯз пеш аз издивоҷ нопадид шудааст

Ғайрат Абдураҳимов, як ҷавони 31-солаи сокини шаҳри Роғун як рӯз пеш аз маросими хонадоршавӣ нопадид шудааст.

Манижа Абдураҳимова, хоҳари ӯ рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш 16-уми сентябр барои овардани як асбоби сохтмонӣ ба берун рафта, бо ҳамин нопадида шудааст ва то ҳол ӯро касе надидааст. Ин ҷавон барои маросими издивоҷаш, ки қарор буд, рӯзи 17-уми сентябр баргузор шавад, омодагӣ медид.

Ба гуфтаи наздикон, ҳамсарашро худаш интихоб карда, бесаброна интизори баргузории маросими туй буд, аз ин рӯ, ба гуфтаи пайвандон ғайбзадани ӯ муаммобарангез аст. Пайвандонаш аз сокинон хоҳиш доранд, дар сурати дидани ӯ ба онҳо хабар диҳанд.

Агар ин ҷавонро дар ҷое дидед, лутфан бо Радиои Озодӣ тамос гиред:+420 724 053 959

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG