Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯе барои мошинсаворӣ аз донишгоҳи исломӣ хориҷ шуд


Руҳулло Гулмуродов, донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои бо мошини шахсиаш ба дарс омадан аз сафи донишҷӯён хориҷ шудааст.

Як масъули Донишкадаи исломии Тоҷикистон 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин донишҷӯ рӯзи 5-уми сентябр аз ҷониби нозирони БДА дар назди Донишкада боздошт шудааст.

«Аз ҷониби нозирони БДА дар ин бора санад тартиб дода, барои хориҷ кардани ин донишҷӯ ба маъмурияти Донишкада пешниҳод шуд»,-гуфт ӯ.

Руҳулло Гулмуродов, аз аввалин донишҷӯёнест, ки бар асоси тағйири нави Кодекси қоидавайронкунии маъмурӣ, ки омадани донишҷӯён ба дарс тариқи мошинро манъ мекунад, муҷозот мешавад. Бар асоси ин Кодекс дар сурати ошкор шудани чунин ҳолат донишҷӯ аз сафи донишҷӯён хориҷ мешавад.

Дар маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтанд, ки ин донишҷӯ аз ноҳияи Ваҳдат барои дарс ба Донишкадаи исломӣ тариқи мошини "Опел-Астра" омадааст.

Руҳулло Гулмуродов, донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи арабии Донишкадаи исломии Тоҷикистон будааст, ки ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилӣ аз оғози соли нави таҳсил ва пас аз тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ се маротиба тариқи мошин ба дарс омадааст.

Зимнан, дар пайи як рейд аз 16 то 19-уми сентябр нозирони БДА 5 донишҷӯро дар роҳ ба дарс боздошт кардаанд. Нисбати ин донишҷӯён низ чораандешӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG