Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия, Эрон ва Ироқ курдҳоро бо "чораҳои ҷавобӣ" ҳушдор доданд


Ироқ- ҷаласае дар Киркук бо иштироки раҳбари курдҳо Масъуд Барзанӣ
Ироқ- ҷаласае дар Киркук бо иштироки раҳбари курдҳо Масъуд Барзанӣ

Туркия, Эрон ва Ироқ ҳушдор додаанд, ки дар сурати баргузор шудани назархоҳии истиқлолияти Курдистон онҳо даст ба "чораҳои ҷавобӣ" хоҳанд зад.

Вазирони хориҷии се кишвар рӯзи 20 сентябр, дар ростои назархоҳии мустақилияти Кудистон, ки эътибори қонунӣ надорад, дар ҳошияи ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид, дар Ню Йорк мулоқот карданд. Ин назархоҳӣ ба рӯзи 25 сентябр барномарезӣ шудааст ва раҳбарони курдҳо мегӯянд, ки сарфи назар аз мухолифатҳо маърака баргузор хоҳад буд.

Вазирони умури хориҷии Туркия, Ироқ ва Эрон - Мавлуд Човушоғлу, Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, бо пахши як эъломия пуштибонии кишварҳои худро аз якпорчагии Ироқ ва мухолифати возеҳи худро ба реферундуми Курдистонро баён карданд.

Эрон ва Туркия аз ин нигаронанд, ки назархоҳии курдҳои Ироқ гурӯҳҳои ҷудиталаби курдро дар қаламрави ин ду кишвар ба амалкардҳои бештар таҳрик медиҳад.

XS
SM
MD
LG