Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаштод дар сади Раққа аз ДИИШ озод шуд


Харобаҳои Раққа
Харобаҳои Раққа

Нерӯҳои мухолифини мусаллаҳи Сурия 80 дар сади қаламрави шаҳри Раққаро аз ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" пок карданд. Ин шаҳр маркази фармондеҳӣ ва такягоҳи асосии ҷангҷӯён ба ҳисоб меравад.

Зарбаро ба ДИ "Нерӯҳои демократии Суря" - эътилофи мусаллаҳи арабҳову курдҳо заданд, ки бо ёрии ИМА зидди ҷиҳодиён меҷанганд.

"Нерӯҳои демократии Сурия" хабар медиҳанд, амалиёти поксозии Раққа наздик аст, ки ба охир бирасад. Дар ҳоли ҳозир қариб 30 ҳазор низомӣ дар амалиёт ширкат мекунад.

То шуруъи ҷанг аҳолии Раққа ба 300 ҳазор мерасид. Гуруҳи "Давлати исломӣ" сар аз соли 2014 ин шаҳрро таҳти тасарруф дошт.

XS
SM
MD
LG