Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар чаҳор рӯзи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқободи Туркманистон 14 медал гирифтааст, дар ҷойи 22-юм қарор дорад.
Дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ 4,5 ҳазор варзишгар аз 63 кишвари Осиё ва Уқёнус, инчунин дастаҳои варзишгарони мустақил ва гурезаҳо ширкат доранд. Мусобиқот барои 347 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 21 намуди варзиш то рӯзи 27-уми сентябр идома меёбад.
Тоҷикистонро дар ин бозиҳо беш аз 120 варзишгар дар 15 намуд намояндагӣ мекунад. Варзишгарони тоҷик, ки дар чаҳор намуд - ҷиу-ҷитсу, гуштии анъанавӣ ё туркманӣ, таэквондо WTF ва гуштии камарбандӣ як медали нуқра ва 13 нишони биринҷӣ ба даст овардаанд, алъон дар байни дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама охиранд.
Дар ин бозиҳо дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин мизбонон – варзишгарони туркман - пешсафанд. Мунтахаби Туркманистон ҳамагӣ 89 медал (43 тилло, 28 нуқра ва 18 биринҷӣ) ба даст овардааст. Эрон бо касби 26 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 15 биринҷӣ) ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 22 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ кардаанд.
Умуман, дар чаҳор рӯзи бозиҳо варзишгарони 26 кишвар барандагони медалҳо гардида, намояндагони 21 кишвар бо медалҳои тилло мукофтонида шуданд. Мавқеи кишварҳои дигари даҳгонаи аввал дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 4. Имороти Муттаҳидаи Араб (5 тилло, 4 нуқра, 7 биринҷӣ). 5. Тайланд (4 тилло, 7 нуқра ва 10 биринҷӣ). 6. Узбакистон (3 тилло, 9 нуқра ва 27 биринҷӣ). 7. Муғулистон (3 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ). Ветнам (3 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ). 9. Чин (3 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ). 10. Ҳиндустон (3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ).
Барандагони медалҳои Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз Тоҷикистон:
Манучеҳр Неъматов (таэквондо WTF, вазни 54 кг) - медали нуқра
Фирдавс Шарифов ва Фирдавс Абдупанобов (ҷиу-ҷитсу, ҷуфти мардона, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,
Нигора Юсуфова ва Фирдавс Абдупанобов (ҷиу-ҷитсу, ҷуфти омехта, тарзи классикӣ) - медали биринҷӣ,
Фаридун Қурбонов (гуштии анъанавӣ, вазни 57 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,
Анӯшервон Наврӯззода (гуштии анъанавӣ, вазни 90 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,
Абдураҳмон Маматқулов (гуштии анъанавӣ, вазни 100 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,
Самандар Эрназаров (гуштии анъанавӣ, вазни + 100 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,
Ҳасан Ёриев (гуштии анъанавӣ, вазни 82 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,
Абдураҳмон Маматқулов (гуштии анъанавӣ, вазни 100 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,
Маҳмад Миров (гуштии анъанавӣ, вазни + 100 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,
Самандар Эрназаров (гуштии анъанавӣ, вазни + 100 кг, тарзи классикӣ) – медали биринҷӣ,
Оятулло Хоҷаев (гуштии камарбандӣ, вазни 55 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,
Абдулло Алибердизода (гуштии камарбандӣ, вазни 60 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,
Эркинбек Абдунабиев (гуштии камарбандӣ, вазни 65 кг, тарзи озод) – медали биринҷӣ,
Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида мусобиқотест, ки дар ҳар ду сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешуд. Аввалин Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида соли 2005 дар Бангкок (Тайланд) барпо гардида буд. Аз соли 2013 Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида бо Бозиҳои осиёӣ оид ба ҳунарҳои размӣ ба чорабинии ягона - Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ - муттаҳид карда шуданд.
Филмхои тасвири давом дорад. Давом дорад..
Элита дар русия бо хукуматаш дар сиесат ШАРИК аст кишри БАЙН(средний класс)аслан бо кору бори зиндагии ХУД машгулу парвои сиесат НАДОРАД он не ки от зарплаты до зарплаты от пенсии до пенсии тамоман дар сиесат БОМБА ва дар давлаташон ЧИ?!мегузарад аз забони путину пескову салавеву скабаеваву киселеву аз хамик кабил шулерони ГУЗАРО мефахманд...россия на данный МОМЕНТ дар ботлоки ЧОХИЛИЯТ по самые НЕХОЧЮ гутидааст...
Bas kuned hamin sharmandagiatonro. Digar agar gapi rost ham az televizoraton sado dihad mardum ba on bovar namekunand. Guzorishaton ghairikasbi, tuhmat va xiyonat ast.
Аз ин ҷом шунидам. Ин ҷом бо ман сухан мегӯяд. Ҷом мегӯяд Юсуфро бародаронаш зарбу шатри зиёд карда, ва ба чоҳаш андохтанд.
Ду кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати сиёсӣ хеле монанданд: эрон ва россия. Дар ҳарду кишвар истибдоду диктатура, саркӯби мухолифин, қатлу зиндону эъдом, ҳарду кишвар мардумаш қашшоқ (за чертой бедности), вале дар кишварҳои ҳамсоя ҷангҳои бемаъниро ба роҳ мондаанд, зидди ҳарду кишвар таҳримҳои байналмиллалӣ, ҳарду ҳам идаои дину арзишҳои миллӣ мекунанд ва дигар шабоҳатҳои олами вуҳуш…!