Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз се ҳазор сарбози амрикоӣ роҳии Афғонистон шуданд


Вазири дифои Амрико мегӯяд, беш аз се ҳазор сарбози тозанафас дар чаҳорчӯби стратегияи нави раиси ҷумҳури он кишвар роҳии Афғонистон шудаанд.

Ин сарбозон дар тақвияти амнияти Афғонистон саҳм хоҳанд гирифт. Раиси ҷумҳури Амрико барои ақиб задани пешрафтҳои Толибон дар Афғонистон, моҳи гузашта стратегияи нави он кишвар дар Афғонистон ва Осиёи Ҷанубиро эълон кард.

Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико, рӯзи 18-уми сентябр гуфт, ӯ намехоҳад шумораи дақиқе ироа кунад, вале беш аз 3 ҳазор сарбоз ба Афғонистон мефиристад, то бо 11 ҳазор аскаре, ки дар ин кишвар ҳузур доранд, бипайванданд.

Ӯ гуфт, ки аксари ин сарбозон ё роҳии Афғонистон шудаанд ё ба онҳо амри рафтан содир шуданд. Генерал Маттис афзуд, намехоҳад ҷузъиёти бештареро, ки шояд душман аз он истифода кунад, ироа кунад.

XS
SM
MD
LG