Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Еревану Боку барои баргардонидани як қисми Қарабоғ


Харитаи Қарабоғи Кӯҳӣ
Харитаи Қарабоғи Кӯҳӣ

Арманистон масъалаи баргардонидани як қисми Қарабоғи Куҳиро бо ҷониби Озарбойҷон баррасӣ дорад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян хабар дод.

Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", Налбандян ҳангоми суханронӣ дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Ереван гуфт, сухан дар бораи минтақае меравад, ки аз нигоҳи амниятӣ ба Қарабоғ хатар нахоҳад дошт.

Тавре сомонаи News.am рӯзи 19 сентябр иттилоъ дод, вазири умури хориҷии Арманистон гуфтааст, агар ҷанг оғоз шавад ва имкони сареъи ҷилавгирӣ аз он мавҷуд набошад, Ереван истиқлоли Қарабоғи Куҳиро эътироф мекунад. "Ҳоло гуфтугӯҳо идома доранд ва мо ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъ ҳастем", - афзуд Налбандян.

Қарабоғи Куҳӣ, ки бештари сокинонаш арманианд, ҳанӯз соли 1991 аз ҳайати Озарбойҷон берун шуд. Ин иқдом роҳро ба ҷанг боз кард, ки дар пайи он Озарбойҷон идораи минтақаро аз даст дод. Ин задухӯрд ҳудуди 30 ҳазор нафарро кушта бар ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG