Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонувони кондуктор аз имтиҳон гузаштанд


Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар як озмун 11 занро ба ҳайси чиптачин дар нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт қабул кардааст.

Абдуҳалим Маҷидов, сухангӯи “Душанбенақлиётхадамотрасон” рӯзи 18 сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, занони чиптачин асосан дар автобус ва троллейбусҳои пойтахт ба мардум хизмат мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, раванди қабули занон ба ҳайси чиптачин дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ идома дорад ва эҳтимол теъдоди занони чиптачин аз ин ҳам бештар шавад.

Қаблан дар моҳи июн шаҳрдори Душане эълон карда буд, ки ба хотири зиёд шудани шикоятҳо аз рафтори кондукторҳо, ки асосан аз ҳисоби мардон мебошанд тасмим гирифтааст, занонро ба ин кор ҷалб кунад.

Ҷалби расмии занони кондуктор ба кор дар ҳолест, ки бадмуомилагии чиптачинҳо яке аз масоили мавриди нороҳатии мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ аст ва ин баҳсҳо гоҳо аз минбари шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба баррасӣ гузошта мешавад.

Мояи даъвои мусофирону кондукторҳо ҳам асосан бар сари надодани бақия ва ё то охири хатсайр нарафтани ронандаҳо сар мезанад. Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, бовар доранд, ки бо ҷалби занон ба ин кор, масъалаи бадмуомилагии кондукторҳо, ҳалли худро пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG